Осорхонаҳои муосир: анъана ва навоварӣ

  • Осорхонаҳои муосир: анъана ва навоварӣ
  • Осорхонаҳои муосир: анъана ва навоварӣ

Дар Бухоро аввалин осорхона 7 ноябри соли 1922 дар шаш ҳуҷраи Кӯкалдош созмон ёфтааст. Он дорои шуъбаҳои бостоншиносӣ, зоология, этнография буд.

Соли 1927 дар қароргоҳи тобистонаи амирони охирини манғитҳо – «Ситораи Моҳи Хосса» осорхона кушода шуд. Соли 1947 Зиндони аморат ба музей табдил ёфт.

Осорхона – мамнуъгоҳи давлатии Бухоро соли 1983 ташкил ёфта, идораи он дар ҳавлии 2 кӯчаи Абӯҳафси Кабир дар ҳисори Арк воқеъ гаштааст. Ҳоло дар низом 16 шуъбаи музей ва 2 намоишгоҳи доимӣ амал карда, 13-тои онҳо дар иншооти таърихии мероси маданӣ ҷо гирифтаанд. Имрӯз дар осорхона 140 ҳазору 638 нигора нигоҳдорӣ мешаванд. Низоми осорхонаҳо аз хусуси кишваршиносӣ, таърихи тиб, санъати амалӣ, тасвирӣ ва меъморӣ, таърихи ҳунармандӣ маълумот медиҳанд. Онҳо аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа чунин тасниф ёфтаанд: ёдгориҳои асри V пеш аз милод то асри XX дар қалъаи Арк, дар қароргоҳи тобистонаи амирони манғит, ки солҳои 1911-1918 бунёд гардидааст – «Ситораи Моҳи Хоса» (осорхонаи санъати амалии наққошӣ); дар мақбараи Чашмаи Аюб (асрҳои XII-XVI) – музейи таърихи таъминоти оби Бухоро; дар масҷиди «Мағоки Аттор» (асри IX) – осорхонаи гилем (қолӣ); дар ёдгории таърихии асри XVII – «Зиндон» (музейи таърихи ҳуқуқ ва қонунгузорӣ дар Бухоро); дар растаи савдои асри XVI – корвонсарои «Кулита» музей-устохонаи таърихи ҳунари оҳангарии Бухоро; осорхонаи санъати тасвирӣ дар мадрасаи Улуғбек (соли 1417) музейи таърихи хаттотӣ, дар мадрасаи «Дониёлбой» музейи тариқати Нақшбандия, дар хонаҳои «Нодир Девонбегӣ» (1620) осорхонаи таърихи Варахшаи Куҳна ва кулолгарӣ, инчунин музейи Имом Бухорӣ (соли 2000) дар Бухоро, музейи Абуалӣ ибни Сино (соли 1920) дар Пешкӯ, музейи таърихи Пайканди бостонӣ (дар Қарокӯл); хона-музейи Мутал Бурҳонов (2018) дар шаҳри Бухоро.

Дар масҷиди ҷомеи осорхонаи кишваршиносии вилоят дастнависи асарҳои қадимӣ – китобҳои «Қуръон», намунаҳои зебу зиннат бо сабти оятҳои динӣ, воситаҳои ороишӣ, дар ҳавлии «Қушбегӣ» ашёи заргарӣ, зардӯзӣ ва кандакории мис, дар ҳуҷраҳои ҳавлии «Саисхона» аслиҳаи ҳарбиён ва анҷомҳои асп дар Аморати Бухоро ба намоиш гузошта шудаанд. Дар меҳмонхонаи «Раҳимҷон» тахти амирон, хилъату ҷомаи маросимҳо, либосҳои зардӯзӣ, корвонҳое, ки бо миссияи сафоратӣ омадаанд, гузошта шуда, таърихи хонигарӣ ва аморати Бухоро ифода ёфтаанд. Дар қароргоҳи тобистонаи «Ситораи Моҳи Хосса» анҷомҳои сарой, либосҳои миллии бухороиён, намунаҳои гуногуни  ҳунари кашидадӯзӣ намоиш дода мешавад. Дар осорхонаи санъати тасвирӣ асарҳои мусаввирони машҳури асри XX П. Бенков, Ӯ. Тансиқбоев, Б. Ҷалолов, устоди миниатюра Садриддин Почоев ва дигарон гузошта шудаанд.

Осорхонаҳои ёдгории Абӯалӣ ибни Сино ва Имом Бухорӣ ба хотираи олимон бахшида шудааст.

Осорхонаи кишваршиносии Бухоро солҳои зиёд аст, ки бо бостоншиносони Эрмитажи Русия ва музейи Луври Фаронса ҳамкорӣ дорад. Соли 2014 осорхона гранти махсуси сафоратхонаи ИМА дар Ӯзбекистонро ба даст овард ва 732-то ашёи археологиро аз таъмир баровард. Соли 2022 дар музейи Лувр намоишгоҳи сайёри осорхона-мамнӯъгоҳи давлатии Бухоро созмон ёфт. Дар натиҷа, қариб 100 адад нигора дар Фаронса намоиш дода шуд. Дар намоишгоҳи бузурги Ӯзбекистон, воқеъ дар Донишкадаи дунёи араби Фаронса низ коллексияҳои шахсии амирони манғити Осорхонаи Бухоро гузошта шудаанд.

***

Бухоро аз қадимулайём бо гилемҳои худ низ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Сарчашмаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки таърихи гилембофии шаҳри бостонӣ аз 2 ҳазор сол зиёд аст. Тадқиқотҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки гилембофӣ дар миқёси ҷаҳон дар асоси панҷ мактаби бузурги гилембофӣ: мактаби форс – Эрон, мактаби Бухоро, мактаби Қафқоз, мактаби Ҳинд ва мактаби Аврупо ташаккул ёфтааст. Ҳамчун мактаби дуюм (баъди форс – Эрон) эътироф гардидани гилембофии Бухоро дар миқёси олам, бешубҳа, дар бозори ҷаҳон мавқеи баланд доштани ҳунари гилембофии бухороиёнро бори дигар собит месозад. Албатта, ҳар як мактаб бо услуб, ранг ва тасвирҳои худ аз ҳамдигар фарқ мекунад.

Асрҳои VI-VII дар Бухоро гилембофӣ рушд ёфта, дар нимаи дуюми асри VIII дар Бухоро таҳти унвони «Байт-ут-тароз» растаи ҳунармандӣ вуҷуд дошта, дар он ҷо зиёда аз 60 нафар ҳунармандон фаъолият нишон додаанд.

Муаррихи бузурги асри X Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар Наршахӣ дар боби V асари худ «Таърихи Бухоро» ҳанӯз ҳам дар Бухоро дар ҷойи худ пойдор будани растаи «Байт-ут-тароз»-ро таъкид карда навиштааст: «Дар Бухоро байни шаҳристон ва Ҳисор дар наздикии масҷиди ҷомеъ корхонае буд. Дар он палас, дарпарда, ҷилдҳои болин, ҷойнамозҳои фундукӣ, либосҳои болопӯширо барои халифа мебофтанд. Ба як дарпарда тамоми хироҷи Бухоро пардохта мешуд. Ҳар сол аз Бағдод як хироҷгир омада ба ивази боҷи Бухоро аз ҳамин либосҳо гирифта мебурд. Дар ягон шаҳри Хуросон ба мисли ин ҷо бофта наметавонистанд...» Чи хеле ки маъхазҳои арабию форсӣ, хусусан табарию мақдисӣ дар таълифоташон овардаанд, дар асрҳои VIII-X давлатҳои зиёд тавассути Роҳи абрешим аз Бухоро ва Хоразм гилем ва матоъи ба он дахлдорро гирифта рафтаанд. Дар давраи ҳукмронии Темуриён дар қароргоҳҳои лашкар бо номи «Бозори урду» бозор созмон ёфта, дар он дар қатори яроқу аслиҳа гилем, маҳсулоти ба он алоқаманд: ҷойнамоз, айл, тасма, хӯрҷин, доурӣ (болопӯши асп) ва намад фурӯхта мешудааст.

Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки дар хазинаи ҳукмдорони Хуросон гилем баъди тилло ашёи пурқимат маҳсуб меёфтааст. Фактҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар саройи амири охирини Бухоро Саид Олимхон зиёда аз 10 ҳазор қолини қиматбаҳо гирд омадааст. Ин дар давоми 164 сол аз ҷониби ҳукмдорони сулолаи манғит ҷамъоварӣ шудааст.

Охири асри XIX барои гилембофони Бухоро давраи ақибравӣ оғоз ёфта, он як аср давом кард.

Музейи гилемҳои Бухоро дар масҷиди «Мағоки Аттор» кушода шудааст. То бунёди масҷид ҷойи он бутхонаи оташпарастон будааст.

Аввали асри IX дар Бухоро сӯхтори даҳшатнок сар зада, бутхона низ оташ гирифтааст. Мегӯянд, ки сӯхтор дар қисми шимолӣ-шарқии шаҳр – дар ҳавлии ҳалисапаз ба вуқӯъ омада, нисфи шаҳрро хароб кардааст. Ҷойи масҷид нисбат ба сатҳи дигари замини шаҳр паст будааст. Аз ин рӯ, масҷидро «Мағоки Аттор» (бо пули атторон сохта шудааст) номидаанд.

Соли 1920 вақти бомбапартоиҳои болшевикон бо сардории Фрунзе дар қатори дигар ёдгориҳо ин бино низ зарари ҷиддӣ дидааст. Ин объект ба муносибати омодагӣ ба ҷашни 1000-солагии Абӯалӣ ибни Сино бо қарори ЮНЕСКО дар қатори дигар ёдгориҳои таърихӣ дар соли 1980 таъмир ёфтааст. Соли 1989 дар ин ҷо музейи таърихи гилеми Бухоро ба фаъолият оғоз кард.

Масҷиди «Мағоки Аттор» яке аз намунаҳои беҳтарини мактаби меъмории Бухорост. Дар бораи соли сохта шудани он маълумоти гуногун вуҷуд дорад.

Масҷид дар наздикии Шаҳруди бостонӣ, назди растаи «Саррофон» воқеъ гардидааст. «Мағок» чуқурӣ аст. Азбаски бозори атторон наздик будааст, номи «атторӣ»-ро гирифтааст.

Соли 1991 «Музейи таърихи гилеми Бухоро» дар экспозитсияҳои худ бештар аз 100-то гилем ва маҳсулоти гилембофии Осиёи Миёнаро ғунҷонда буд.

Дар осорхона намунаҳо аз мактабҳои гилембофии ҷаҳон, аз ҷумла, аз панҷ мактаби гилембофие, ки мо дар боло таъкид кардем, таърихи рушди гилембофӣ дар олам ва ғайра гирд оварда шуда, мониторҳои ҷудогонаи музей дар ин бора маълумоти пурра медиҳад. Дар ин ҷо таҳти роҳбарии мудири шуъба Холидахон Умурова шаш нафар кормандон фаъолият доранд.

– Имрӯз дар осорхона якҷоя бо шуъбаҳо 256 нафар кормандон фаъолият доранд. Дар даромадгоҳ ва шуъбаҳо инфокиоск, монитор, видеороликҳо оиди таърихи Бухоро диққати ояндагонро сӯйи худ мекашанд. Хушбахтона, сафи сайёҳон, мухлисони шаҳри бостонии мо рӯз то рӯз меафзоянд, – изҳори хушнудӣ намуд мусоҳиби мо, котиби илмии осорхона-мамнӯъгоҳи давлатии Бухоро Саодат Наимова.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: