Дар доираи сиёсати «Ӯзбекистони Нав», ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев амалӣ мегардад, арзишҳои сулҳ, ҳамзистии осоишта ва эҳтироми хотираи таърихӣ мақоми вижа пайдо кардаанд. Ташаббусҳои минтақавии кишвар ба таҳкими эътимод, рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва пойдории сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд.
Чунин чорабиниҳо нишонаи онанд, ки сиёсати оқилона ва инсондӯстона бар пояи ёдбуди гузашта ва масъулият дар назди оянда бунёд меёбад. Гиромидошти қаҳрамонон ва қадршиносии фидокориҳои онҳо на танҳо вазифаи ахлоқист, балки василаи таҳкими дӯстӣ миёни халқҳост.
Ёдоварӣ аз гузашта, агар он бо хирад ва адолат сурат бигирад, метавонад пойдевори ояндаи орому созанда гардад. Ҷамъомаде, ки дар Тирмизшаҳр баргузор гардид, маҳз ҳамин ҷиҳатро дар назар дошт.
Дар шароити имрӯзаи таҳкими худшиносии миллӣ ва гиромидошти арзишҳои таърихию маънавӣ, пос доштани хотираи фарзандони содиқи Ватан ба сифати яке аз самтҳои муҳими сиёсати маънавии ҷомеа арзёбӣ мегардад. Дар ин замина, ёди неки қаҳрамони ҷанги Афғонистон – Холмуҳаммад Розиқов гиромӣ дошта мешавад.
Мавсуф 1 сентябри соли 1956 таваллуд шуда, аз овони ҷавонӣ ба омӯзиши илму маърифат таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 33-юми ба номи Мичурини ноҳияи Шӯрчӣ соли 1975 таҳсилро дар Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон идома дод.
Фаъолияти меҳнатии ӯ дар соҳаи мелиоратсияи ноҳияи Олтинсой оғоз гардида, бо ҳисси масъулиятшиносӣ, садоқат ба касб ва меҳнати ҳалол ҷараён дошт. Ӯ ҳамчун мутахассиси хуб дар ҷомеаи меҳнатӣ эътироф гардида буд.
Соли 1984 Холмуҳаммад бо амри тақдир, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват гардида, дар амалиётҳои ҳарбии Афғонистон (1979-1989) иштирок намуд.
Ҳангоми хидмат ӯ худро ҳамчун низомии содиқ, далер ва масъулиятшинос нишон дода, дар иҷрои вазифаҳои ҷангӣ намуна гардид. Охири моҳи марти соли 1986, ҳини анҷоми як амалиёти ҳарбӣ ҷони ҳамяроқони худро наҷот дода, худ қаҳрамонона ҳалок шуд.
Ҷасади марҳумро баъди чанд рӯз аз хоки Афғонистон ба зодгоҳаш – деҳаи Янгиободи ноҳияи Олтинсой оварда, бо эҳтироми хоса ба хок супурданд.
Хидмати арзандаи ӯ бо ордени «Ситораи Сурх» қадрдонӣ гардид. Тӯли ин солҳо хотираи ӯ гиромӣ дошта мешавад. 2 майи соли 2026 дар майдони хотираи шаҳри Тирмиз ҷамъомади бошукӯҳи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши ёдбуд намояндагон ва собиқадорони ҷанг аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок намуда, хотираи шаҳидони ҷангро гиромӣ доштанд.
Дар доираи ин маросими расмӣ, намояндаи Русия Дмитрий Афинагенов изҳор дошт, ки ба хотири арҷгузорӣ ба ҷасорат ва фидокории Холмуҳаммад Розиқов ӯ баъди вафоташ бо савумин ордени «Ситораи Сурх» мукофотонида шудааст. Ин мукофотро духтари марҳум – Сарвиноз Розиқова бо эҳсоси баланди ифтихор ва эҳтиром қабул кард.
Идомаи тадбир дар зодгоҳи қаҳрамон, дар мактаби рақами 9-уми ноҳия баргузор шуд. Дар он намояндагони ҳокимият, пирону фаъолони маҳалла, ҷамоаи устоду шогирдони мактаб, хешу пайвандони марҳум ширкат варзиданд.
Муҳаммадрӯзӣ ҒАНИЗОД,
сокини маҳаллаи «Халқобод»-и ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё.