Меҳмони нодир – хирси қаҳваранг

Меҳмони нодири «Юқори Тӯпаланг» – хирси қаҳваранги Тиёншон дар фотодом сабт гардид.

Дар боғи миллии «Юқори Тӯпаланг», ки дар оғӯши табиати зебо ва нотакрори Сурхондарё мавқеъ гузидааст, рӯйдоди хурсандибахше ба қайд гирифта шуд. Тавассути фотодомҳои махсуси насбшуда дар ҳудуди боғ ҷонвари нодир – хирси қаҳваранги Тиёншон, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил гардидааст, ба навор гирифта шуд.

Бино ба гуфтаи мутахассисон, ин ҳайвон яке аз зернамудҳои камёфти хирси қаҳваранг дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ӯ асосан дар минтақаҳои баландкӯҳе зиндагӣ мекунад, ки пойи инсон ба он ҷойҳо кам мерасад. Дар табиат дучор омадан ба ин ҷонвар бисёр душвор буда, сабт гардидани он тавассути фотодом далели он аст, ки экосистемаи ҳудуд муътадил буда, барои ҳайвоноти ваҳшӣ муҳити муносиб фароҳам оварда шудааст.

Хирси қаҳваранги Тиёншон дар нигоҳдории тавозуни табиат нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, муҳофизати ин навъи ҳайвон, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии шикори ғайриқонунии он аҳамияти калон дорад.

Боғи миллии табиати «Юқори Тӯпаланг» на танҳо бо олами нодири набототу ҳайвонот, балки бо имкониятҳои экотуризмаш низ аз минтақаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Манзараҳои дилфиреби табиӣ, ҳавои соф ва гуногунии биологӣ дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб менамояд.

Мутахассисон таъкид менамоянд, ки чунин аксу наворҳо барои омӯзиши табиати ваҳшӣ, мушоҳидаи ҳаракати ҳайвонот ва тақвияти корҳои муҳофизатӣ манбаи муҳим ба шумор мераванд.

Сурайё НОРМАНӢ.

Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: