Ҷашнвораи байналхалқии рақси «Лазгӣ» дар ҳаёти фарҳангии Ӯзбекистон ва тамоми олами турк мақоми махсус дорад.
Ҷашнворае, ки мувофиқи Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 сентябри соли 2020-ум бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ташкил гардида буд, дар Хива – яке аз шаҳрҳои қадимитарини Осиёи Марказӣ дар ду сол як бор гузаронида мешавад.
Соли 2026-ум ҷашнвора аллакай бори савум ва нахустин бор бо дастгирии ду созмони бузургтарини байналхалқӣ – ЮНЕСКО ва ТУРКСОЙ, ки халқҳои туркзабонро дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат муттаҳид менамояд, гузаронида шуд. Иҷрои зебо ва ҳаракатҳои нозуку мавзуни дасту пой, хироми дилбар ва маънавияти махсуси ботинӣ аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи рақси лазгӣ ба шумор мераванд. Чун анъана рақс бо ҷӯрии зиндаи асбобҳои мусиқии дутор, ғиҷҷак, доира ва дигар созҳои мусиқии хоразмӣ иҷро мешавад. Дар ин рақс тамоми ҳаракатҳо моҳият ва маънии махсус доранд.
Соли 2019 ин рақси хоразмӣ ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки эътирофи расмии ҳувият ва қадрияти он барои тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Ҷашнвораи III байналхалқии рақси «Лазгӣ», ки охири моҳи апрели соли равон ба вуқӯъ пайваст, барҳақ ҷашни васеъмиқёстарин гардид. Дар он зиёда аз 300 иштирокдор – раққосаҳо, навозандагон, ҷамоаҳои касбии хореографӣ, санъатшиносон ва арбобони фарҳанг – намояндагони беш аз 30 давлат ширкат варзиданд.
Дар байни иштирокдорон намояндагон аз Британияи Кабир, Фаронса, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Озарбойҷон, Сербия, Бразилия, Ҷопон, Испания, Миср, Ҳиндустон, Гурҷистон, Ҷумҳурии Куриё, Булғория, Қатар, Украина, ҳамчунин аз тариқи онлайн вакилон аз ИМА, Австрия, Мексика, Урдун, Эрон, Чин, Покистон, Италия, Гана ва Македонияи Шимолӣ ҳузур доштанд.
Барномаҳои шашрӯзаи ҷашнвора хеле гуногунранг ва ғанӣ буданд. Ғайр аз баромадҳои озмоишӣ ва ҷамъомадҳои илмӣ иштирокдорону меҳмонони ҷашнвора аз сабақҳои хореографҳои машҳур бархурдор шуданд, бо ҳунарпешагони номӣ вохӯриҳои эҷодӣ баргузор карданд, аз намоишгоҳи сарулибосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ боздид ба амал оварданд, ҳамчунин экспозитсияҳои осори санъати тасвирӣ ва амалии вобаста ба анъанаҳои «Лазгӣ»-ро тамошо карданд.
Маросими мутантани кушоиш ва пӯшидашавии ҷашнвора, ки зери осмони кушоди Ичан-Қалъа воқеъ гардид, ба ҳодисаи муҳими фарҳангӣ табдил ёфта, барномаҳои консертӣ, баромади ҷамоа-ҳои машҳури рақсӣ ва овозхонҳои милливу эстрадии Ӯзбекистонро муттаҳид сохт.
Нурбории шабонаи деворҳои муҳташами шаҳри қадима ин намоишро ба тамошои ҷолибу ҷаззоб табдил дод, ки бидуни шак, як умр дар хотири тамоми иштирокдорони он боқӣ хоҳад монд.
Ба баромадҳои озмунии ҷашнвора ҳайати ҳакамоти байналхалқӣ, ки аз ҷумлаи устодони эътирофшудаи санъати хореографӣ ва мусиқии кишварҳои мухталиф таркиб ёфта буд, баҳогузорӣ карданд. Ғолибон бо ҷоизаҳои ифтихорӣ, дипломҳо, номаҳои табрикии ТУРКСОЙ ва мукофоти пулӣ тақдир карда шуданд.
Ҷашнвораи «Лазгӣ» дар таърихи бобати ҳифз кардан ва оммавӣ намудани мероси ғайримоддии фарҳангӣ воқеаи муҳим гардид. Намояндагии зиёди маданиятҳои ҷаҳонӣ, дастгириву ҷонибдории ЮНЕСКО ва ТУРКСОЙ, барномаҳои пурмуҳтавои илмиву эҷодӣ ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷашнвора дар байни анҷуманҳои машҳури байналхалқии фарҳангӣ мақоми сазовори худро пайдо кардааст.
Ораш Акабоев,
ӮзА.