Олимони ширкати амрикоии Colossal Biosciences эълон карданд, ки бо истифода аз тухми сунъӣ чӯҷаҳои солимро ба дунё овардаанд.
Ин технология як қадами бузург ва таърихӣ дар роҳи эҳёи намудҳои паррандаҳои собиқ нобудшуда, аз қабили паррандаи афсонавии Додо ва Моаи бузургҷусса ба шумор меравад.
Тибқи гузоришҳо, олимон системаи тухми сунъиро дар асоси мембранаи махсуси силикон таҳия кардаанд. Он аз ҷиҳати гузариши оксиген, нигоҳдории намӣ ва ҳифзи ҷанин аз таъсири беруна ба пӯсти табиии тухм наздик аст.
Ширкат эълон кард, ки бо истифода аз ин системаи сунъӣ 26 чӯҷаи солим ба дунё омаданд. Технологияи нав инчунин ба олимон имкон медиҳад, ки рушди ҷанинро тавассути тирезаи махсуси шаффоф мушоҳида кунанд.
Ба гуфтаи коршиносон, ин метавонад як пешрафти назаррас дар соҳаи биотехнология бошад. Аммо, баъзе олимон таъкид мекунанд, ки натиҷаҳои тадқиқот ҳанӯз аз арзёбии мустақили илмӣ нагузаштаанд ва имконоти пурраи технология исбот нашудааст.
Коршиносон мегӯянд, ки барқарор кардани паррандаҳо нисбат ба барқарор кардани ширхӯрон раванди хеле мураккабтар аст, зеро ҷанинҳои парранда дар дохили тухм хеле зуд инкишоф меёбанд ва қобилияти ворид кардани тағйироти генетикӣ маҳдуд аст.
Дар айни замон, олимон мегӯянд, ки ин технология метавонад дар оянда дар ҳифзи намудҳои паррандаҳои зери хатари нобудшавӣ, афзоиши муқовимати онҳо ба бемориҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муфид бошад.