Президенти Ӯзбекистон густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаро бо САҲА баррасӣ кард

  • Президенти Ӯзбекистон густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаро бо САҲА баррасӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаро бо САҲА баррасӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаро бо САҲА баррасӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаро бо САҲА баррасӣ кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 21 май котиби генералии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Феридун Синирлиоғлуро, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо САҲА дар самтҳои иқтисодиву экологӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

Бо қаноатмандӣ сатҳи баланди муколамаи кушода ва созанда, инчунин таҳкими пайвастаи ҳамкории Ӯзбекистон бо САҲА ва ниҳодҳои марбутаи он таъкид гардид. Роҳбарияти Созмон мунтазам ба Ӯзбекистон ташриф меорад, миссияҳои Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА дар мониторинги равандҳои интихоботӣ дар кишвар фаъолона иштирок мекунанд.

Ҳамчунин натиҷаҳои лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ, ислоҳоти низоми судӣ-ҳуқуқӣ, пешбурди баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва рушди ВАО махсус қайд гардиданд.

Ҷонибҳо инчунин аҳамияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкориро дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, рушди рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ, баланд бардоштани малакаи кадрҳо, дастгирии ҷавонон ва пешбурди “рӯзномаи сабз” таъкид карданд.

Тафоҳум ҳосил шуд, ки “харитаи роҳ”-и нави ҳамкорӣ таҳия гардида, як қатор чорабиниҳои муштарак дар Ӯзбекистон ва дар платформаҳои САҲА баргузор карда мешаванд.

Ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: