Ҳифзи ҳуқуқи инсон – омили муҳими рушди ҷомеа

Дар бинои ҳокимияти вилояти Навоӣ ҷаласа бахшида ба мубориза бар зидди савдои одам, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини шароити муносиби меҳнат баргузор гардид.

Дар он натиҷаҳои фаъолияти комиссияи ҳудудӣ дар давоми соли 2025 таҳлил шуда, вазифаҳои афзалиятнок барои соли 2026 муайян карда шуданд.
Дар чорабинӣ Фирӯза Эшматова – ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Олий Маҷлис (Омбудсман), инчунин роҳбарони идораю ташкилотҳои дахлдор ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа ҳисобот оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти пешгирии савдои одам, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандон ва фароҳам овардани муҳити муносиби меҳнат шунида шуданд. Масъулин мушкилоти мавҷуда ва масъалаҳои мубрами соҳаро таҳлил намуда, барои бартараф кардани онҳо пешниҳодҳо ироа карданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз ҳифзи ҳуқуқи инсон, бахусус таъмин намудани қонуният ва адолат дар муносибатҳои меҳнатӣ аҳамияти муҳим касб мекунад. Аз ҷумла, пешгирии хатарҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, шуғли ғайрирасмӣ ва истисмори меҳнат аз вазифаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад.
Муборизаи самарабахш бар зидди одамфурӯшӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки ҳамкории тамоми ҷомеаро талаб мекунад. Дар ин раванд баланд бардоштани савияи ҳуқуқии аҳолӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ва таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ аҳамияти калон дорад.
Ҳамчунин, дар ҷаласа вазифаҳои афзалиятнок барои соли 2026 баррасӣ гардида, ҷиҳати таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, арҷгузорӣ ба қадри инсон ва фароҳам овардани шароити муносиби меҳнат барои ҳар як шаҳрванд тадбирҳои мушаххас муайян карда шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба масъулон ҷиҳати ташкили низомноки иҷрои вазифаҳо, беҳтар намудани сифати кор ба муроҷиатҳои аҳолӣ ва пурзӯр намудани чораҳои муассир дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон супоришҳои дахлдор дода шуд.
 
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: