Дар соҳаҳои саноатии Ӯзбекистон лоиҳаи бузург татбиқ мегардад. Бо қарори Президент аз 20-уми апрели соли равон «Дар бораи чорабиниҳои рушди саноати мошинсозӣ дар вилояти Самарқанд» дар ноҳияи Каттақӯрғон минтақаи бузурги саноатии мошинсозӣ таъсис дода мешавад.
Дар назар аст, ки лоиҳаи мазкур дар рушду равнақи иқтисодиёти вилоят такягоҳи пурмӯҳтаво мешавад ва симои саноати автомобилсозии кишварро ба куллӣ тағйир медиҳад. То соли 2030 соҳаи саноат ва мошинсозӣ ба 15 фоиз афзуда, дар як сол 10 ҳазор мошини гуногуни мусофиркашонӣ, боркашонӣ ва дигар гуна техникаи электронӣ истеҳсол хоҳад ёфт. Инчунин қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол шуда, ба кишварҳои хориҷӣ, хосатан мамлакатҳои ҳамдӯстӣ ирсол мешаванд.
Дар марҳилаи аввал бо шарикони хориҷӣ 5 лоиҳаи сармоягузории бузург ба маблағи 116 миллион доллари ИМА тасдиқ шудааст. Мувофиқи он танҳо дар соли 2028 50 ҳазор мототранспорт ва аробачаҳои кӯдакона истеҳсол мешавад.
Ин рақамҳо на танҳо статистика, балки даромади ҳазорҳо оила ва таҳкими мустақилияти технологии кишвар низ мебошанд.
Барои минтақаи нави саноатӣ дар маҳаллаи «Янги ҳаёт»-и ноҳияи Каттақӯрғон 100 гектар замин ҷудо гардидааст. Заминҳое, ки қаблан ҳамчун чарогоҳ истифода мешуданд, акнун ба корхонаҳои замонавӣ, коргоҳҳои баландтехнологӣ ва марказҳои логистикӣ табдил дода мешаванд. Хусусияти фарқкунандаи минтақаи саноатӣ дар он аст, ки дар он ҷо танҳо категорияҳои муайяни воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла, мошинҳои боркаш, автобус ва микроавтобус, присеп ва нимприсепҳо низ истеҳсол карда мешаванд.
Дар соли 2029 5000 адад таҷҳизоти гидравликӣ, дар солҳои 2029-2031 бошад, 10 ҳазор адад воситаҳои нақлиёти тиҷоратӣ истеҳсол хоҳанд шуд. Дар давраи татбиқи ин лоиҳаҳо беш аз 2000 ҷойҳои кории дорои моҳонаи баланд таъсис меёбад.
Яке аз масъалаҳои муҳим баланд бардоштани сатҳи маҳаллисозии истеҳсолот мебошад. Бо рушди кооператсияи саноатӣ ҳаҷми «контенти маҳаллӣ» то 100 миллион доллар дар як сол расонида мешавад. Ин маънои онро дорад, ки қисми зиёди ҷузъҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ дар худи минтақа истеҳсол мегарданд.
Маҳсулот на танҳо барои бозори дохилӣ, балки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ низ пешбинӣ шудааст. Техникаи тамғаи «Made in Uzbekistan» метавонад дар бозорҳои минтақа мавқеи устувор пайдо намояд.
Барои фаъолияти самараноки корхонаҳо инфрасохтори муосир зарур аст. Ин масъала низ дар қарор ба таври системавӣ баррасӣ шудааст. Масалан, дар солҳои 2026–2027 ба минтақа шабакаҳои нави барқ, газ, об ва роҳи оҳан кашида мешаванд. Ҳамчунин, на камтар аз 5 фоизи ҷойҳои корӣ дар асоси низоми таълими дуалӣ ташкил мегардад. Барномаи махсуси омодасозии кадрҳо барои 3 сол пешбинӣ шудааст, ки ба ҷавонон имкон медиҳад ҳамзамон таҳсил ва кор кунанд.
Бо дарназардошти тамоюлҳои ҷаҳонӣ, дар истеҳсолот ба нақлиёти барқӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Ин иқдом ба ҳифзи муҳити зист ва мутобиқ шудан ба талаботи замон мусоидат мекунад.
Минтақаи нави мошинсозӣ танҳо маҷмӯи корхонаҳо нест. Он як қадами муҳим дар роҳи мустақилияти саноатии кишвар, рушди технологияҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Интизор меравад, ки Самарқанд на танҳо ҳамчун маркази сайёҳӣ, балки яке аз марказҳои муҳими мошинсозии минтақа шинохта мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки дар ҳудуди саноатӣ сохтмони хонаҳои хушсохти замонавӣ, мактабу кӯдакистон, ошхона, нуқтаҳои савдо, тиббӣ, хизмати маишӣ, толору майдони варзиш ва ғайра пешбинӣ гардидааст.
Инчунин дар минтақаи нақлиётсозӣ мактаби такмили ихтисос ва касбомӯзӣ бунёд мегардад.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.