То оғози Ҷашнвораи гул, ки аллакай, барҳақ ба бренди вилояти Намангон табдил ёфтааст, чанд рӯз боқӣ монд. Айни замон намангониён ба ин фестивал, ки имсол бори 65-ум баргузор мешавад, ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд.
Мардуми Намангон ошиқи гуланд. Онҳо ҳаёти худро аз қадимулайём бидуни гул тасаввур карда наметавонанд. Ҳам дар кӯчаву гузар, ҳам дар корхонаву муассиса ва ҳам дар хонадон гулҳои гуногунранг шукуфонанд. Хурсандиовар аст, ки номгӯйи гулҳо сол то сол меафзояд.
Дар шаҳри Намангон баргузории ҷашнвораи «Иди гул» ба ҳукми анъана даромадааст. Дар он ташрифи меҳмонон ва дӯстдорони гул нафақат аз ҳудудҳои гуногуни ҷумҳурӣ, балки боз аз чандин мамлакати хориҷӣ низ пешбинӣ мегардад. Иди гулҳо асосан дар Боғи маданият ва истироҳати ба номи Заҳириддин Муҳаммад Бобур, дар мавзеъҳои «Янги Ӯзбекистон», «Адиблар хиёбони», «Афсоналар водийси», дар маркази ноҳияҳои вилоят баргузор мегардад. Бо иштироки санъаткорони номдори хориҷӣ ва маҳаллӣ ташкил кардани барномаҳои консертӣ, намоиши мӯд ва чандин чорабинии маданиву маънавӣ дар назар аст.
Фестивали гулҳо одамонро ба эҷод, зебоӣ ва ҳамкорӣ тарғибу ташвиқ менамояд. Имрӯз ҳар як минтақа барои намоиши бренди худ кӯшиш мекунад. Ин бренд на танҳо аҳамияти иқтисодӣ, балки фарҳангӣ ва маънавӣ низ дорад. Дар ин ҷо ҳар гул меҳнат, ҳар ранг умед ва ҳар ифода ояндаи бузург аст.
Шаҳру ноҳияҳо бо рамзи ҳудуд ва урфу одатҳои худ, ки бо гулҳо ифода мешаванд, иштирок мекунанд. Аз ҷумла, чустиён якчанд намуди ҳунармандӣ, попиён «Қамчиқ», нориниён мавҷи дарё, учқӯрғониён моҳиҳои фарел, янгиқӯрғониён бошанд, кӯҳҳоро бо гулҳои рангоранг тасвир ва ифода кардаанд. Корхонаву ташкилот ва муассисаҳо низ «бренд»-ҳои худро аз тариқи гулҳои гуногунранг пешкаш мекунанд.
– Гулҳо на танҳо ба чашмҳо нур мебахшанд, балки кишварро низ оро медиҳанд, – мегӯяд сардори идораи ободонии ноҳияи Чортоқ Ҷамолиддин Сиддиқов. – Имрӯз ҳар як шахс – аз роҳбар то коргари оддӣ мехоҳад, дар ин ҷараён саҳми худро гузораду иштирокдори бевоситаи ин зебоӣ шавад.
Ҳар як гуле, ки мо мешинонем, тухми муҳаббатест, ки дар дили инсон нишонда шудааст. Ин ифодаи муҳаббат ба Ватан, садоқат ба кор ва эътиқод ба оянда аст. Тавре ҳокими вилоят таъкид кард, мо бояд Ҷашнвораи гулҳои Намангонро ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил кунем. Барои ин тамоми имкониятҳоро сафарбар хоҳем кард.
Дар ин роҳ саҳми ҳар як шахс муҳим аст. Чунки ҳар як гули парварида таҷассуми муҳаббат, сабр ва орзуҳои мост. Гулҳо рамзи дӯстӣ, ифодаи амният ва сулҳ мебошанд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.