Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Имрӯз дар ҳаёти ҷомеаи мо барои амиқтар қарор додани ғояи неки “Барои қадри инсон, барои бахти инсон”, дар радифи тамоми арзишҳои миллӣ ва динӣ, иди мубораки Қурбон, ки фазилатҳои олиҷанобе чун инсондӯстӣ, саховатмандӣ, шукргузорӣ ва таҳаммулпазириро дар худ таҷассум намудааст, аҳамияти бузург касб менамояд. Бахусус, бобати бунёди давлати иҷтимоӣ дар мамлакат, пурзӯр намудани меҳру муҳаббат миёни ҳамватанон, дастгирии инсонҳои ниёзманд ва аз меҳру эътибор дар канор нагузоштани ҳеҷ як шахс, анъанаҳои пойдори ин ид барои мо ҳамчун манбаи нерӯю тавоноӣ ва илҳом хидмат мекунанд.
Бо мақсади дар ҳоли мутобиқ ба ин равандҳо ва ба таври муносиб таҷлил намудани иди Қурбон ва боз ҳам мустаҳкам кардани муҳити сулҳу оромӣ, дӯстӣ ва ҳамҷиҳатӣ дар кишварамон, қарор мекунам:
1. Ахбори Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар бораи дар соли 2026 ба санаи 27 май – чоршанбе рост омадани рӯзи аввали иди Қурбон чун маълумот қабул гардида, 27 май дар мамлакат ҳамчун рӯзи иди Қурбон васеъ ҷашн гирифта шавад.
2. Барои маълумот қабул карда шавад, ки:
а) Мувофиқи моддаи 208-уми Кодекси меҳнат, рӯзи аввали иди Қурбон ҳамчун рӯзи ҷашнии ғайрикорӣ муқаррар гардидааст;
б) Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 24 декабри соли 2025 “Дар бораи муайян намудани рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ дар давраи таҷлили санаҳои расмӣ ва кӯчондани рӯзҳои истироҳат дар соли 2026” таҳти рақами ФП–257:
новобаста аз намуди ҳафтаи корӣ барои тамоми кормандон рӯзҳои 28 май – панҷшанбе ва 29 май – ҷумъаи соли 2026;
барои кормандоне, ки ҳафтае шаш рӯз кор мекунанд, 30 май – рӯзи шанбе ҳамчун рӯзи иловагии истироҳат муайян карда шавад.
3. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, Кумитаи корҳои динӣ, Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон, Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ якҷо бо ташкилотҳои ҳамкор барои дар ҳамоҳангӣ бо анъана ва арзишҳои миллии халқи мо ва бо кайфияти болида гузаронидани иди мубораки Қурбон дар минтақаҳо чораҳои заруриро андешанд.
4. Кумитаи сайёҳӣ якҷо бо Вазорати нақлиёт барои ҳамватанон ҷиҳати ташкили зиёрат ба зиёратгоҳҳои муқаддас ва қадамҷойҳои таърихӣ дар рӯзҳои иди Қурбон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оваранд.
5. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ тавсия шавад, ки чорабиниҳои марбут ба таҷлили иди Қурбонро васеъ инъикос намоянд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.У.Умурзаков гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ