«Сабаби сохтани ин маҷмаа дар шаҳри Марғелон як ҳақиқати хеле амиқи таърихӣ ва ҳаётӣ аст. Ин шаҳри муборак маърифатпарварони зиёдеро ба воя расонидааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, ин макони муборак бо шарафи баланди «Ватани мардуми равшанфикр» қадрдонӣ шудааст».
Шавкат Мирзиёев.
Дар шафати роҳи калони Риштон – Фарғона, дар самти муқобили шаҳри куҳани Марғелон бар асоси қарори Сарвари давлатамон аз 1 апрели соли 2025 Маҷмааи «Бурҳониддин Марғинонӣ» арзи вуҷуд намуд, ки бемуҳобот, дар минтақа ҳамто надорад. Ба ин маҷмаа аз тариқи дарвозаи хосу боҳашаме ворид мешавед, ки хеле васеъ ва баланд қомат афрохтааст.
Баъд шуморо як шаҳристони биноҳояш бо истифода аз анъанаҳои меъмории миллӣ, акскунандаи ҷойҳои таърихии Марғелон, аммо ҷавобгӯ ба талаботи муосири сайёҳӣ сохташуда истиқбол мегирад. Вақте ки шумо дар кӯчаву хиёбонҳои бо гулу суман сарсабзу хуррам ва дарахтони гуногуни зебо ороёфта қадам мезанед, худро дар бӯстонсарои беназири шоҳона тасаввур мекунед.
Дарвоқеъ, шумо агар як сол муқаддам аз шафати ин шаҳри нави бо тарҳи замонавӣ сохташуда гузашта бошед, ҳатман ҳайрат шуморо гиребонгир хоҳад кард ва шумо ба худ хоҳед гуфт: «Наход дар шаҳристоне қарор дорем, ки тайи муддати хеле кӯтоҳ бунёд ёфтааст?» Аммо воқеъият ин фикри шуморо дигар хоҳад кард ва шумо бовар ҳосил хоҳед намуд, ки дар Ӯзбекистони Навин таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев имкони арзи вуҷуд намудани чунин шаҳристонҳо кайҳо ба як ҳоли муқаррарӣ ва одӣ табдил ёфтааст!
Маҷмааи «Бурҳониддини Марғинонӣ» бо усуле сохта шудааст, ки «Шаҳраки ҷовидон»-и Самарқандро сохтаанд, вале ин ҷо чанд навгонӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ба гуфтаи мутахассисон комилан тарҳи нав корбаст гардидааст. Дар ҳақиқат, он ҳама беназиру беҳамтоии шаҳристони нави Марғелонро ба карат собит месозанд. Ба иборае ин маҷмаа як шаҳраки дохили шаҳри қадимӣ мебошад.
– Маҷмаа, ки масоҳати 35 гектарро ишғол мекунад, барои сайёҳон тамоми шароити заруриро фароҳам меорад. Дар ин ҷо меҳмонхонаҳо, корвонсарой, биноҳои тиҷоратӣ ва хидматрасонӣ, чандин маркази ҳунармандӣ, бозори миллӣ ва осорхонаҳо низ сохта хоҳанд шуд, ки ба шукӯҳи он шукӯҳи тоза зам мекунанд, – мегӯяд роҳбалади мо Шуҳрат Абдусаломов.
Ба гуфтаи ӯ яке аз самтҳои асосии ин маҷмаа омӯзиш ва таблиғи мероси ғании илмии олими бузург Бурҳониддин Марғинонӣ мебошад. Дар айни замон, нигоҳ доштани анъанаҳои қадимии ҳунармандӣ дар минтақа, рушди зиёрат ва сайёҳии фарҳангӣ низ ба нақша гирифта шудааст, тибқи амалӣ гардидани он ба обрӯи кишвари мо обрӯву эътибори тоза зам хоҳад кард.
Маълум шуд, нақшаи генералии лоиҳа, ки арзиши он 1,7 триллион сӯм аст, аз ҷониби ширкати туркии «Studio Vertebra» таҳия шудааст. Маҷмаа дар ду марҳила сохта мешавад ва дар оянда бунёди боз маркази тиҷорат, масҷиди дорои 1500 ҷой, меҳмонхонаҳо, 400 нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ ва бозор бо гунҷоиши 300 нуқтаи савдо низ барномарезӣ шудаанд.
Ногуфта намонад, ки дар ҳамин ҳол мудирияти Маҷмааи «Бурҳониддин Марғинонӣ» бар дӯши Шуҳрат Абдусаломов мебошад. Вақте ки таҳти роҳбаладии ӯ ба як бинои дигари хушсохту зебо наздик шудем, вай бо ҳаяҷон изҳор намуд, ки бино осорхона мебошад. Дар қисмати чапи даромадгоҳи он чунин навиштаҳоро мехонем: «Ҳавлии Мирзокаримбойи қуттидор аз асари романнависи нахустин Абдулло Қодирӣ». Гуфта мешавад, ки ин ҳавлиро ба таври дигар осорхонаи «Отабек ва Кумуш» низ унвон кардаанд, ки қаҳрамонони асосии романи «Рӯзҳои гузашта» мебошанд. Деворҳо ва ҳар як утоқи дохили ин ҳавлӣ саҳнаҳоеро аз ҳамон романи Абдулло Қодирӣ дар худ эҳё кардаанд ва фазои беназиреро эҷод намудаанд, ки адабиёт ва таърихро боҳам омезиш медиҳанд.
Чашмони бинанда аз тамошои дохили ҳар утоқ сер намешавад. Ман якзайл он ҳамаро аккосӣ мекардам, то ашёҳояшро ба муштарии рӯзнома, ки ҳанӯз имкони ба ин шаҳристони беназир омаданро ба даст наовардааст, нишон диҳам. Дар ҳақиқат, ҳар як утоқ таърих ва хотираҳои худро дорад.
Дар як самти даромадгоҳи осорхонаи «Отабек ва Кумуш» аробаи дучархадор бовиқор истодааст, ки бино ба асари Қодирӣ маҳз ин ароба замоне ҳардуро ба висоли якдигар расонидааст. Ашёи хонаҳои алоҳидаи ҳавлӣ, танӯр ва дегу оташдон, ҷувози дастиву амсоли он пеши назар зиндагии қаҳрамонони асарро бозтоб медиҳанд.
Дар аснои гаштугузор вориди китобхонае шудам, ки ҳазорҳо адад китоб дар ихтиёри сайёҳону муштариёни китобдӯст гузошта шудаанд. Ин ҷо чашмам ба рафе афтид, ки чанд китоби ба ӯзбекӣ нашршудаи Устод Садриддин Айнӣ низ дар қатори китобҳои нависандагони мумтози ӯзбек барои фурӯш пешниҳод шудаанд.
Коргарони зиёд дар маҷмаа машғули кор буданд. Онҳо майдонро ба тартиб оварда, дар атрофи бинову роҳравҳо гулҳои тару тоза мешинонданд, дару тиреза ва сутунҳои пурнақшу нигор, кошиҳоро тоза намуда, кӯчаву хиёбонҳоро мерӯфтанд.
– Вақте ки маҷмаа пурра ба кор медарояд, интизор меравад, ки солона ба ҳисоби миёна 200-250 ҳазор сайёҳи хориҷӣ маҳз ба минтақаи мо ҷалб карда шаванд. Гузашта аз ин, бунёди ин шаҳристони беназир барои фароҳам омадани 2 ҳазор ҷойи корӣ мусоидат хоҳад кард. Инчунин, дар назар аст, ки 52 миллиард сӯм ба буҷаи он илова карда шавад ва 30 миллион доллари амрикоӣ барои соҳаҳои хизматрасонӣ корбаст гардад, – мегӯяд Шуҳрат Абдусаломов.
Ба таъкиди роҳбалади мо татбиқи васеи таҷрибаи маҷмааи «Бурҳониддин Марғинонӣ» дар «Бухорои ҷовидон»-и Бухоро, атрофи мақбараи Имом Мотуридии Самарқанд, ёдгории «Ахсикент»-и Намангон, майдони Ӯрдаи хони Қӯқанд ва минтақаи Шаҳри кӯҳнаи пойтахт низ ба нақша гирифта шудааст.
– Ман шаҳрванди Утриш ҳастам. Вақте ки баъди боздид аз Бухорову Самарқанд ба шаҳри куҳани Қӯқанд расидем ва Ӯрдаи хонро тамошо мекардем, огоҳ шудем, ки дар назди шаҳри Фарғона боз як шаҳристони нав бунёд кардаанд. Бо ҳамроҳонам ба ин тараф шитофтем. Дар ҳақиқат, дастони мардуми шумо қудрати муъҷизаофарӣ доштаанд. Инро аз тамошои ин шаҳристони ҷадид бараъло фаҳмидан мумкин аст, – мегӯяд Кристина Дутйе.
Мирасрор АҲРОРОВ, хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.