Дар даҳсолаҳои охир ин нишондиҳанда тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Дар давоми 33 соли охир шумораи ҳолатҳои ташхиси бемориҳои рӯҳӣ дар ҷаҳон қариб ду баробар зиёд шудааст. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба маҷаллаи бонуфузи тиббии «The Lancet» хабар медиҳад.
Тибқи маълумотҳо, ҳоло тақрибан 1,2 миллиард нафар аҳолии кураи Замин ба чунин бемориҳо гирифторанд.
«Соли 2023 дар саросари ҷаҳон 1,17 миллиард ҳолати ташхиси бемориҳои рӯҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ 14,2 ҳазор ҳолати беморӣ рост меояд. Ин нишон медиҳад, ки аз соли 1990 то соли 2023 шумораи ҳолатҳои ташхисшуда 95,5 фоиз ва сатҳи паҳншавии бемориҳо 24,2 фоиз афзоиш ёфтааст», — омадааст дар мақола.
Дар доираи ин пажӯҳиш маълумотҳои то соли 2023 ҷамъоваришуда таҳлил гардида, мутахассисон иттилооти марбут ба 12 навъи бемориҳои рӯҳиро дар ҳудуди қариб 200 кишвар ва минтақа мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Ба таъкиди муаллифон, сатҳи гирифторшавӣ ба ҳамаи бемориҳои рӯҳии таҳқиқшуда афзоиш ёфтааст. Бештарин болоравӣ дар ҳолатҳои изтиробу хавотирӣ, депрессияи клиникӣ, дистимия (афсурдагии музмин), анорексия, булимияи асабӣ, шизофрения ва ихтилоли рафтор мушоҳида шудааст.
«Соли 2023 бемориҳои рӯҳӣ аз рӯи нишондиҳандаи DALY — яъне солҳои солими зиндагии аз дастрафта бар асари беморӣ — дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол карданд. Ҳол он ки соли 1990 ихтилолҳои рӯҳӣ аз рӯи ҳамин нишондиҳанда дар ҷойи 12-ум қарор доштанд», – гуфта мешавад дар хабар.
Дар феҳристи “беморӣ” се ҷойи аввалро изтиробу хавотирӣ, депрессияи клиникӣ ва шизофрения ишғол кардаанд. Афзоиши ин нишондиҳанда дар тамоми ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.
Бемориҳои рӯҳӣ миёни занон нисбат ба мардон бештар ошкор мешаванд. Аз рӯи гурӯҳҳои синнусолӣ бошад, ҷавонони аз 15 то 19-сола аз рӯи шумораи ташхисҳои бемориҳои рӯҳӣ дар ҷойи аввал қарор доранд.
Дар пажӯҳиш ҳамчунин зарурати таъсиси низомҳои самараноки ташхис ва муайянсозии бемориҳои рӯҳӣ, бахусус дар кишварҳои дорои даромади паст ва миёна, таъкид шудааст.