Намангон ба китоби "Рекордҳои Гиннес" ворид шуд

Намангон рекорди ҷаҳонии Гиннесро оид ба шумораи бештари гулҳое, ки дар давоми як моҳ аз ҷониби гурӯҳ шинонда шудаанд, ба даст овард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии маъмурияти вилоят, соли гузашта дар ин минтақа дар маҷмӯъ 100 миллион ниҳоли гул шинонда шуда буд, ки барои Фестивали гул омодагӣ дида мешуд. Имсол ин рақам ба 150 миллион расонида шуд.
Маҳз ҳамин дастоварди бесобиқа боис гардид, ки Намангон ба китоби "Рекордҳои Гиннес" шомил гардад.
Дар маросими ифтитоҳи фестивал, намояндаи Гиннес дар ҷаҳон, Шейда Субасӣ, шаҳодатномаи махсусеро, ки ин дастовардро тасдиқ мекунад, ба раиси вилояти Намангон Шавкатҷон Абдураззоқов ботантана супорид.
Ҳамин тариқ, Намангон дар байни чанд шаҳри ҷаҳон ба Китоби Рекордҳои Гиннес дохил карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: