Телефон волидайн ё омӯзгор нест!

Албатта, ҳама мехоҳанд аз рухсатии меҳнатӣ пурсамар истифода баранд. Ҳангоми рухсатӣ баъзеҳо аз пайи таъмири хонаву ҷой шаванд, баъзеҳо мехоҳанд саломатии худро беҳтар кунанд, онҳое, ки аз садову ғавғои шаҳр хаста шудаанд, мехоҳанд ба мавзеъҳои дуре рафта, истироҳат кунанд ё дар оғӯши падару модар ва байни хешовандон бошанд.

Кӯчаҳои  пур аз ҷавонону сайёҳони хориҷии шаҳри куҳнаи Бухоро, обидаҳои таърихии он, бахусус, шомгоҳи ин шаҳри шариф барои ман хеле азиз аст. Сайёҳоне, ки аз ҷойҳои таърихии шаҳри мо боздид мекарданд ва аз таҳти дил ҳикояҳои таърихии роҳбаладро гӯш мекарданд, ҳисси Ватанро дар қалбам бештар мегардонанд.

Ман ҳангоми сафари худ ба Бухорои шариф шоҳиди бартариҳои беназири  меҳмонони хориҷӣ нисбат ба худамон шудам. Оё гӯям бовар мекунед,  онҳо нисбати ҳамшаҳриёни ман аз телефони дастӣ  кам истифода мебурдаанд...  Қариб 80-90 фоизи мусофирони қаторае, ки аз Тошкандшаҳр сӯйи Бухоро роҳ пеш гирифт,  сайёҳони  хориҷӣ буданд. Онҳо байни ҳамдигар ба забонҳои гуногуни хориҷӣ суҳбат мекарданд.

Баъдтар ман дар кӯчаву ошхонаҳои шаҳр низ сайёҳони зиёдеро дидам, онҳо аз пешхизматҳо дар бораи хӯрокҳои миллии мо чизе мепурсиданд ва боз суҳбаташонро идома медоданд. Онҳо воқеан аз зиндагӣ ва ҳар дақиқаи он лаззат мебурданд.

Эътибор ва таваҷҷуҳи ман ба суҳбати сайёҳон сабабҳои хос дошт. Ҳар вақте ки ман ба хонаи хешон ё шиносон мерафтам, нафақат калонсолон, балки кӯдаконеро медидам,  ки ҳанӯз ба синне нарасида буданд, дар дасташон телефон буд...

– Кӯдакони  имрӯза хеле доноча ҳастанд, – гуфт дӯсти наздикам ва набераашро ситоиш кард. – Ҳарчанд вай ҳанӯз дусола нест,  метавонад мултфилмҳои дӯстдоштаашро дар ютуб пайдо ва тамошо кунад, мултфилмеро, ки дида бошад,  гузаронда, навашро меёбад. Ман барои хаста нашудани дастони ӯ телефонмонак низ харидам, – бо фахр мегӯяд дугонаам.

– Ба набераат телефон надеҳ, – гуфтам ман бо қатъият, – ин «матоъ» ба чашмон, сутунмӯҳра, пеш аз ҳама ба  системаи асаб ва хотирааш зарар мерасонад.

– Медонам, – бо итминон гуфт дӯстам, –  аммо ман илоҷи дигар надорам ва наметавонам бо роҳи дигар ӯро ором кунам.

Дугонаам  гӯё мехост бигӯяд, ки «худат бубин» ва телефонро аз дасти наберааш гирифт ва кӯдак  мисле ки занбӯр неш зада бошад, ногаҳон гиря сар дод...

– Ман дар соҳаи маориф  30 сол таҷрибаи корӣ дорам, – мегӯяд муаллими нафақахӯр Лола Муъминова. – 15-20 сол пеш аз ин вақте ки ба шогирдонам дарс мегуфтам, пайхас намекардам, ки вақти танаффус расидааст. Хонандагон ба мавзӯи нав чунон завқу шавқ доштанд, ки  саволи онҳо беохир буд, аммо ҳоло наметавонам чизҳои оддиро ба набераҳоям фаҳмонам, диққати онҳоро ба як мавзӯъ ҷамъ кардан душвор аст, онҳо ба дониш шавқ надоранд.

Мо даврони кӯдакӣ дар кори хона кумакрасони падару модар будем. Бачаҳо то бегоҳӣ дар кӯча бозӣ мекарданд ва шабона ҳама аз пайи иҷрои вазифаҳои хонагӣ мешуд. Аз хонандаи имрӯза пурсед, ки вазифаи хонагиро иҷро кардӣ, ҷавоби онҳо яктост: «аллакай!». Агар телефонро аз дасташон гиред, хашмгин мешаванд, фарёд мезананд, яъне барои мо дур кардани кӯдак аз телефон ғайриимкон мегардад. Сабабгори  чунин рафтори номатлуби кӯдак худи мо ҳастем, телефонбозиро ба онҳо худи мо омӯзондем, то ки гиря накунад, ором нишинад, хӯрок хурад.

Равоншиносон мегӯянд, ки ҳарчанд телефон ба кӯдак шодмонӣ ва тасвирҳои  омодаро пешкаш менамояд, ӯро аз ҳолатҳои равонии тафаккур ва тахайюл, ки манбаи ташаккулёбии кӯдак ба шумор меравад,  дур нигоҳ медорад, тамошои саҳнаҳои як ё дудақиқаӣ дар кӯдакон бесабрӣ эҷод мекунад. Аз ин рӯ, хондани китоб барои кӯдак як бори гарон, китобхонӣ машғулоти дилгиркунанда аст. Дар асл барои кӯдак мисли мутолиаи китоб  машғулоти хубе нест, ки тарзи тафаккури ӯро васеъ гардонда, гузашта аз ин рафтору гуфтори хубро омӯзонад.

Мо то ҳадди имкон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки фарзандонамонро аз таъсири берун, ба хусус одамони бадрафтор ҳифз намоем, аммо намехоҳем иқрор шавем,  ки худамон хатари бузургро ба хонаамон меорем...

Кӯдак нахустин тарбияро аз волидон мегирад. Бачаҳои имрӯза, ҳатто кӯдаки гаҳвора вақте ки аз хоб чашм мекушояд, модари аллагуйро не, модареро мебинад, ки вуҷудаш бо телефон «баста шудааст». Бо боварии комил мегуям, ки ҳоло  волидон  ба ҷои меҳр ба дасти фарзандон телефон медиҳанд. Ба ҷои он ки бо фарзанд аз таҳти дил суҳбат кунанд, телефони ӯро ба интернет мепайванданд ва ҳамин тавр ба саломатии онҳо латма мезананд.

– Хонандагони зиёд имрӯз дар хондани ҷумлаҳое, ки шакли ҳарфҳои ба ҳам монанд доранд, душворӣ мекашанд, яъне чашмони онҳо аз равшании телефон хаста шудааст,  – мегӯяд  равоншиноси мактаби рақами 14-уми ноҳияи Вобканди вилояти Бухоро Қудрат Ҳайитов, – агар бо диққат нигаред, имрӯзҳо кӯдакони айнакдор бештар ба назар мерасанд. Ин кӯдаконе мебошанд, ки  аз ҷониби духтур ташхис гузошта шудааст. Инчунин  волидон ва бачаҳое низ ҳастанд  намедонанд, ки чашмонашон иллати ҷиддӣ дорад... Волидон мушкилии ба чашм вобастаи фарзанди худро ба ирсият вобаста ва ё ки модарзод будани онро таъкид менамоянд, дар асл чашми бачаҳо дар муддати зиёд нигоҳ кардан ба масофаи наздик мутобиқ нестанд. Азбаски равшании телефон, телевизор ва планшет зиёд аст, ба он нигаристани кӯдак дар муддати дуру дароз маслиҳат дода намешавад, чунки  мушакҳои чашми ӯ хаста гардида, сатҳи биниши ӯ коҳиш меёбад.

Коҳиши биноӣ айби технология ё вақту замон нест. Ин интихоби мост. Телефон падару модар ё омӯзгор нест, ӯ набояд кӯдакро таълим диҳад. Телефон як восита аст, на муаллим.

Набия Нодирова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: