Паймон дар ҳақиқат аз ҷумлаи ба нудрат шоиронест, ки ҳам ба суннатҳои шакливу ҳунарии шеъри форсии тоҷикӣ дилбохтаву содиқ аст, ҳам дар ин замина бо тозакорию навҷӯиҳо нақш ва ҷойгоҳи худро дар саҳнаи адабиёти форсии тоҷикӣ ба ҳамешагӣ устувор сохтааст. Бахусус хидмати вай дар ташаккул ва таҳаввули қолаби ғазал, ки дар баъзе давраҳои адабиёти навини форсии тоҷикӣ мавқеи барозандаашро аз даст дода буд, бузург ва мондагор мебошад.
Инак, ҷилди дувуми Девони ӯ («Адабиёт», Тошканд, 2025), ки беш аз дусаду ҳафтод ғазал ва се мустазоду се мухаммасро бар ғазалҳои Пайрав, Мирзо Турсунзода ва Бозор Собир дар бар мегирад, нашр шуд, ки баёнгари ҷустуҷӯҳои ҳунарӣ ва навҷӯиҳои шоир дар эҷоди сохтори такмилёфтаи мундариҷавӣ ва ғоявии қолибҳои зикршудаи шеъри суннатӣ мебошад.
Ҳамчунон ки маълум аст, ғазал аз замони Рӯдакӣ то ба имрӯз аз шоеътарин ва писандидатарин қолибҳои шеърӣ буда, дар давоми асрҳо қасидаро ақиб гузошта, худ қолиби роиҷ ва мусаллати шеъри форсии тоҷикӣ гардидааст. Дар шеъри давраи шӯравӣ, ҳарчанд ғазал мавқеи пешинаи худро аз даст дод, ба ҳар сурат боз аз дигар қолибҳои шеърӣ зиёдтар мавриди истифодаи шоирон қарор гирифта буд. Сохтори шаклии ғазали ин давра дигар нашуда бошад ҳам, мазмуну мундариҷа ва ғояи он то ҷое дигар шуд ва ташаккулу таҳаввул ёфт. Аз устод Айниву Лоҳутӣ сар карда, то Пайраву Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотию Мирзо Турсунзода ва нафарони баъдӣ дар ташаккул ва таҳаввули сохтори мундариҷавӣ ва жанрии он саҳим будаанд.
Бо вуҷуди беэътиноиҳое бар ин қолиби шеърӣ он мавқеи худро дар шеъри форсии тоҷикӣ то ба имрӯз ҳифз намуд, дар давраҳои баъд шоироне мисли Лоиқ, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Нодир Шанбезода, Мастон, Қутбӣ Киром, Аскар Ҳаким ва дигарон дар равнақи он хидмати мондагор кардаанд.
Ҳамчунон ки донишманди эронӣ Алиасғари Шеърдӯст мегӯяд, ғазали навини тоҷикӣ «аз осори шоирони муосири Эрон ҳам фаротар меравад». Аз ин ҷиҳат, табиист, ки фазои ҷуғрофиёии интишор ва таъсири ғазал тавсиъа ёфта, қаламрави Ӯзбекистони адабпарварро низ фаро гирифтааст, ки ин раванди судмандро наметавон нодида гирифт ва қадр накард.
Тавре зикр шуд, ҷилди дуюми Девони Паймон аз ғазалҳо ва мустазоду мухаммасҳои тӯли солҳои гуногун таълифкардаи ӯ фароҳам омада, баёнгари таъсирпазирии судманд, эҷодкоронаву навҷӯёна дар ташаккул ва таҳаввули ин қолиби шеърӣ мебошад. Воқеан, ғазали Паймон ёдовари «ғазали рӯдакивор» буда, аз ҷиҳати сохтори мундариҷавию жанрӣ ва бадеӣ ин жанри шеъри форсии тоҷикиро таҳаввули хос бахшидааст. Беш аз ин, ҷустуҷӯҳои мундариҷавӣ ва ғоявию бадеии шоир дар эҷоди ғазал таҷрибаи нодир буда, ба шинохт ва арзёбӣ ҳаматарафа ниёз дорад.
Паймон дар эҷоди намунаҳои аввалини ғазал пайрави содиқ ва навовари ин қолиби суннатии шеъри форсии тоҷикӣ буданашро собит карда буд. Мо ин садоқати шоирро дар пешгуфторамон ба унвони «Ғазали лаҳзаҳо, нигоҳҳо ва андешаҳо» барои ҷилди аввали Девони ӯ, ки ҳанӯз соли 2022-юм чоп гардид, таъкид карда будем.
Вақте ки ғазалҳои девони тозанашри Паймонро дар маҷмуъ аз назар мегузаронем, ҷустуҷӯҳои шоир дар ифодаи мазмунҳои тоза ва такмили сохтори мундариҷаи жанрии ин қолиби шеърӣ равшан ба назар мерасад. Ғазалҳои ӯ ба мафҳумҳои аслӣ ва асосии «тоза» ё худ «нав» мувофиқат мекунанд ва аз ҷиҳати мазмуну сохтори бадеӣ тафовутҳои чашмрас доранд. Масалан, ғазали аввалини Девон, ки бо байтҳои –
Ман, ки аз рӯзи азал ошиқи шайдо зодам,
Ба маҳу моҳии ин даҳри дудар дил додам.
Ёри ширини ман аз рӯзи нахуст аст замин,
Осмон лайлии зебои ман аз милодам.
Маззаи оби равон дошт маро лаззати васл,
Мушки нобе бирасидӣ зи гулон бо бодам...
– оғоз мешавад, бо калимоти маънидор дар либоси бадеӣ суруда шуда, монанди тоблуи воқеии рангоранги музайян ҷилва менамояд, ки тарзи тозаи маъниофаринӣ ва тасвири шоирро дар ғазал муайян мекунад.
Паҳлуи дигари ҷустуҷӯҳои шоирро дар ин ғазал аносири маънавӣ ташкил медиҳад, ки нахуст иборат аст аз андешаи зистан ва як таҷрибаи мантиқӣ ва воқеӣ, ки бархоста аз зеҳни андешаманд ва тозаҷӯи шоир аст; аз сӯи дигар, отифаи хоси инсони пӯё дар баробари ин воқеияти ҷаҳони ҳастӣ, ки умеди зистанро аз ӯ салб накардааст. Андешаи зистан барои Паймон хаёли нируманди ӯст, ки тавонистааст ин андеша ва отифаи мансуб ба ҳамаи инсонҳоро дар тасвире хос абадият бахшад ва он таҷрибаи одии зиндагиро дар тасвирҳои ҳолнамо, ки маҳсули ақли ояндабин аст, ҷовидона созад.
Дар ин ва бисёр ғазалҳои ӯ маъшуқ дар фазои тозаи маънавию ахлоқӣ ҳузури тоза пайдо намуда, бо ҳама розҳову ниёзҳояш ҳамчун мавҷуди заминӣ ба тасвир омадааст. Мавҷуди заминии шоир монанди маъшуқи тағаззулӣ пасту беиффат ба назар намеояд. Аслан ин мавҷуд дар нигоҳи шоиронаи Паймон на осмониву рӯҳонӣ ва аз замин канда шудааст, балки ҳастии маънавии ӯро розу ниёзи заминӣ шакл додааст. Аз ин назар, дар ғазалҳои Паймон маъшуқ аз назари ҳусни сурат ва сират бемонанд аст.
Натиҷаи таҷрибаи шоир ин аст, ки ҳеч таҷрибае аз таҷрибаҳои инсонӣ, ки мавзуи шеър, аз ҷумла ғазал аст, бе таъсири воқеият ва тахайюл арзиши шеърӣ ва ҳунарӣ надорад. Ҳодисае метавонад мавзуи шеър қарор гирад, ки аз шуҳуди ҳиссӣ ва хаёли шеърӣ ранг пазируфта бошад, яъне таҷрибае, ки ба ҳадди як шуҳуди ғиноӣ расида бошад. Дар ин ҳол шарт нест, ки ангезаи таҷрибаи шоир як амри азим бошад, балки метавонад, як мавзуи кучак заминаи аслии таҷрибаи ӯ қарор бигирад. Чунончи, дар ғазали зер, ки шоир аз таҷрибаи ҳиссӣ ва ақлонӣ истифода карда, маънии тозаро дар либоси тасвирҳои нав ва ҳолнамо ғунҷондааст, ки бидуни тардид тозагие дар сохтори бадеии ғазал аст:
Туву ишқи туст ҳар дам,
Сабаби нишоту дардам.
Тӯӣ то ба гетӣ бо ман,
Ба ҷаҳони бахт фардам.
Туӣ ҳам сафедбахтӣ,
Туӣ низ ранги зардам...
Ин тарзи маъниофаринӣ ва тасвирсозӣ дар ғазалҳои Паймон маншаи табиӣ дошта, пеш аз ҳама, хостҳои маънавӣ ва ҳунарии ӯро ифода мекунад, ки аксаран ҳунармандона ва таъсиргузор мебошад.
Таҷрибаи ғазалсароии Паймон қонуниятеро ироа медиҳад, ки чунин шеърҳои ошиқонаи ӯро аз дигарон тафовут медиҳад. Ба ин тартиб, ғазалҳои шоир аксаран мазмунҳои ишқӣ дошта, оҳанги панду ахлоқӣ низ унсури муҳимми сохтори мундариҷавии онҳо мебошад. Аз ин ҷиҳат бештарини ғазалҳои ӯ навҷӯёна буда, ба шакли қатъии ғазали суннатӣ рост намеояд. Ҳатто ғазалҳои суннатияш низ мундариҷаи тозаву тар дошта, такрору забонзад нестанд. Пораҳои зерин аз як ғазали ӯ иқтибос шуданд, ки бо вуҷуди шакли устувори анъанавӣ тозагиҳое дар маъникушоии шоир ба мушоҳида мерасад:
Навиде то барам аз ҷони ширин ҳар нафас, ҳар дам.
Суроғат мекунам, ай ҷони ширин, ҳар нафас, ҳар дам.
Бале, ҷуз ҷони ширинат надонам, ҷони ширино,
Ки то ҳастам, хушам ман аз ту ҳар ҳин, ҳар нафас, ҳар дам.
Ба фарёди дилам фарёдрас ку чун ту, к-ӯ то ман
Расад озодаву озод аз кин ҳар нафас, ҳар дам.
Диламро аз ғубори дарду чанги ғам амон бидҳанд,
Хаёли рӯйи поку мӯйи мушкин ҳар нафас, ҳар дам...
Андешаву орои ин ғазал дар таъкид ва таъйиди пайванди ҳамешагӣ ва табиии шоир бо «ҷони ширин»-аш буда, тамомият ва ҷазаботу эҳсосоти ӯ воқеӣ ба тасвир омадааст ва дар ин замина аксари ғазалҳои ошиқонаи ӯ тоза ва пурмаънӣ буда, ифодагари навҷӯии шоир мебошанд.
Ғазали Паймон шеваю адои нарму гарме дорад, ки хонандаро ба зиндагии пурмуҳаббат ва созанда дилгарм месозад. Ба ин далел, аксари ғазалҳои ошиқонаи шоир умедворкунанда ва раҳнамои саодати инсон ҳастанд. Ғазали зер ба ин гуфтаҳо далеланд:
Вафоят кунам, ки сафоят барам,
Ҷафоят кашам, то вафоят барам.
Шавам шод агар ғам хурам баҳри ту,
Хушам ранҷ агар аз бароят барам.
Ба ман кун ҳама нозу нузат, ки ман
Фароғ аз итобу адоят барам.
Қасам аз сарат то ба поят, қасам,
Ки ҳам ҷону ҳам дил ба поят барам...
Отифа ва ҷазаботу эҳсосоте, ки дар ин гуна ғазалҳои Паймон баён шудаанд, чун аз воқеият сарчашма мегиранд, дар алфоз ва тарзи адои онҳо моҳияти аслии хостаи шоир берун меояд ва ба хонанда асар мегузорад. Ёдвораҳои шоир аз таваҳҳум ва тасаннуъу муболиға дур буда, дар онҳо аз воқеияти зиндагии инсони одӣ ва умедвор бо забону тасвирҳои зебои табиӣ хабар дода мешавад. Ба ин далел ишқ дар аксар ғазалҳои ошиқонаи Паймон тафсири чизест, ки аз зикри номи он хонанда лаззат мебарад. Намунааш порае аз ғазали зер:
Аз он даме, ки як туро гузида ёр кардаем,
Сад орзу дар орзуят ихтисор кардаем.
Чунон мудом ошиқу чунон тамом ошиқем,
Ки з-он чаҳор фасли умри худ баҳор кардаем.
Зи фарти ишқу ошиқӣ, зи ҳадди сидқу содиқӣ,
На майли ақл, хости дил ихтиёр кардаем...
Чунонки аз ин ва ғазалҳои дигараш бармеояд, ишқ барои ӯ чизе нест, ки чун ба дараҷаи камоли худ расид, он вақт асараш зоҳир гардад, балки лутфи худовандист, ки аз оғоз то анҷом лаззатбахшу лутфангез боқӣ мемонад. Паймон аксаран зери таъсири суруру нишоти бебозгашти ишқ ба чунин натиҷа мерасад, ки давлати дунёро наметавон ба ин неъмати худодода иваз намуд, ба ин далел ғазалҳои ошиқонааш моломоли лаҳне пур аз фарру ифтихоранд.
Мавзуъву муҳтаво дар шеъри Паймон масъалаи гароиш ба шеъри асилро матраҳ месозад, ки бармегардад ба тарзи ифодаи эҳсос ва талаққии хос аз ин ё он мавзуъ дар эҷодиёти шоир. Аз ин ҷиҳат шахсияти шоирии Паймон аз муҳтавои шеъраш берун меояд. Мавзуъ дар шеъри шоир воситаи муҳимми ибрози назар ва робитаи андеша ба воқеият, мудохилаи зеҳнию адабӣ ба раванди ногувор ва хушиҳои рӯзгор мебошад.
Яке аз хусусиятҳои эҷодии Паймон он аст, ки тарзи тафаккураш ба ҳисомезӣ ва андешаварӣ асос ёфта, шеъраш асосан аз фикру андешаи мураккаб ва пуршиддат фароҳам омадааст, ки дар ин ҷараён на фақат олами маънавию ахлоқии инсонҳо, балки моҳияти иҷтимоӣ ва ҳиссу андешаи онҳо низ ифода мешавад. Ин нукта ишора ба он аст, ки инъикоси ин ё он мавзуъ дар шеър барои Паймон тавсиф ё гузориш нест (чунонки дар шеъри хеле аз шоирон ҳаст), балки шоир ба ин васила эҳсос ва отифаи шахсияшро низ ифода мекунад.
Бад-ин тариқ, метавон гуфт, ки тафаккури ғиноӣ, биниши моҳиятҷӯ ва корбурди тасвирҳои пӯёву боланда, ҳамсозии эҳсосу андеша барои инъикоси мавзуъву масъалаҳое, ки хоси диди бадеии шоир аст, имкони бештаре фароҳам овардаанд ва дар ин замина шоир тозакориҳои ҷолибе дорад, ки фардияти эҷодӣ ва хусусиятҳои мундариҷавию жанрии осорашро муайян ва мушаххас менамоянд.
Бар хилофи тасвири иҷтимоъгароёна, ки дар шеъри давраи шӯравии тоҷикӣ роиҷ буд, Паймон тарзу тариқи дигари тасвири мавзуъву масъалаҳои иҷтимоиву ахлоқиро ихтиёр карда, ба ин васила ғазалҳоеро сурудааст, ки бо гузашти замону сиёсатҳо ҳеҷ гоҳ куҳна намешаванд. Вай хоҳ аз сарнавишти падару модари азиз, хоҳ Самарқанди қандманд ва ғайра сухан гӯяд, як дард дорад: намудани чеҳраи мондагори инсон ва арзишҳои мероси адабию фарҳангии миллӣ, ки бефаност.
Паймон ба унсурҳои шаклии ғазал, аз ҷумла байти тахаллус низ эътибори хос дода, онро ҳамчун василае барои ба хонанда қарин сохтани шахсияти шоир ва барангехтани ҳиссу андешаи ӯ истифода намудааст. Ба ифодаи дигар байти тахаллус дар ғазалҳои ӯ маъникаш буда, оҳангеро ба вуҷуд меоварад, ки гӯё шоир тамоми андешаву орояшро ба хонанда баён мекарда бошад. На фақат байти тахаллус, балки ҳамаи байтҳои ғазал дар таҷрибаи Паймон ҳиссиёти ҳамсозӣ ва ҳамдилиро дар дили хонанда бедор мекунанд, ки аз бартарии тарзи нигориши шоир дарак медиҳад.
Дар ин навишта мо танҳо чанд ғазалро аз ҷилди дувуми Девони шоир аз назар гузаронида, моҳияти асосии ҷустуҷӯҳои бадеӣ ва паҳлуҳои ҳунари тасвиргарии ӯро арзёбӣ кардем, ки таъкид ва таъйиди маҳорати шоирии ӯ ва дастовардҳои ҳунариаш дар ин замина мебошад. Дар интиҳои ин тақриз пешниҳод карданием, ки бо назардошти ҷустуҷӯ ва тозакориҳое, ки Паймон дар тӯли солҳо пойбанди он будааст, меарзад, ки дастовардҳои ин шоири навҷӯву ҳунарманд ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ қадрдонӣ шавад.
Хоса шоире, ки дар муҳити адабию фарҳангии Ӯзбекистон парвариш ва камол ёфта, дар интишор ва равнақи адабу фарҳанги тоҷикӣ дар ин минтақа саҳми бузург гузоштааст.
Ҷумъа Ҳамроҳ,
доктори улуми филологӣ, профессор.