Дар Шаҳраки эҷодии ҷавонони Самарқанд бо ҳамкории созмони таълимии аврупоии MM Education Group китобхонаи муосири интеллектуалӣ таъсис дода мешавад.
Дар доираи ин лоиҳа ба китобхона китобҳо, дастурҳои таълимӣ ва нармафзори муосир ба маблағи 120 ҳазор евро дар шакли грант пешниҳод мегарданд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими ин китобхона он аст, ки барои нахустин бор дар Осиёи Марказӣ фонди махсуси китобҳо оид ба зеҳни сунъӣ (AI) ташкил хоҳад шуд. Ҳамчунин, дар оянда таъсиси озмоишгоҳи мукаммали зеҳни сунъӣ низ дар назар аст.
Китобхона дар ҳудуди Шаҳраки эҷодии ҷавонон ҷойгир шуда, дар доираи лоиҳае амалӣ мегардад, ки бо ташаббуси роҳбари давлат роҳандозӣ шудааст.
Ба гуфтаи коршиноси байналмилалӣ Муҳаммадхон Солиев, ин ташаббус барои беш аз 20 ҳазор ҷавони Самарқанд имконият фароҳам меорад, то касбҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва яке аз самтҳои серталабтарини имрӯз — зеҳни сунъиро омӯзанд.