Дар Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон бо ташаббуси рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди журналистон рӯнамоии монографияи дастаҷамъии «Журналистикаи муосир ва зеҳни сунъӣ: дурнамо ва мушкилот» («Замонавий журналистика ва сунъий интеллект: истиқболлар ва муаммолар») баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ Илҳомҷон Тӯхтасинов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳоди журналистон Шуҳрат Орифов, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, устоди донишгоҳ Берунӣ Алимов, олимону муҳаққиқон дар бораи мазмуну мундариҷа ва муҳтавои китоби тозанашр, аҳамият ва арзиши илмии китоб, инчунин нақши зеҳни сунъӣ дар журналистикаи муосир ва дурнамои соҳа ҳарф заданд.
Зикр гардид, ки алҳол дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла, журналистика аз имкониятҳои замимаҳои гуногуни зеҳни сунъӣ босамар истифода мебаранд. Муаллифони китоб маҳз бо назардошти ин ҷиҳат, ҳар як паҳлуи масъаларо аз нигоҳи илмӣ, дар асоси таҷрибаҳои байналмилалӣ ва бо мисолҳои ҳаётӣ баррасӣ кардаанд, ки ин арзиши илмии онро боз ҳам волотар менамояд.
– Дар мамлакати мо масъалаи татбиқи зеҳни сунъӣ дар бахшҳои гуногун ва истифодаи пурсамар аз имконоти он мавриди таваҷҷуҳи доимии сарвари давлат қарор дорад, – гуфт И.Тӯхтасинов. – Имзо гардидани Қарори Президент «Дар бораи тасдиқи Стратегияи рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ то соли 2030» ва Фармон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди минбаъдаи технологияҳои зеҳни сунъӣ» низ аз ин далолат медиҳанд. Ин аст, ки алҳол дар аксар соҳаҳо татбиқи босамари онро мушоҳида мекунем. Дар раванди роҳандозӣ, баробари афзалият, мушкилиҳо низ ошкор мешаванд ва ин ҳолат интишори матолиби боэътимоди илмиро тақозо мекунад. Боиси эътироф аст, ки дар монография баробари таъкиди бартариҳо, камбудӣ ва мушкилоти истифодаи зеҳни сунъӣ низ баррасӣ гардидааст, ки ин барои боз ҳам дақиқтар омӯхтани соҳа мусоидат менамояд.
Дар анҷом аз ҷониби таҳририяти «Овози Самарқанд» ба муаллифони мақолаҳо сертификатҳо тақдим гардид.
Китоб дар нашриёти “Маҳорат” нашр шуда, дар ҳамкории Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, рӯзномаи «Овози Самарқанд» ва шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистон, таҳти рукни «Аз китобхонаи «Овози Самарқанд» омодаи чоп гардида, мақолаҳои илмиву эҷодии муҳаққиқон, рӯзноманигорон ва донишҷӯёнро бо се забон – ӯзбекӣ, русӣ ва тоҷикӣ дар бар мегирад. Ҳамзамон, дар охири монография истилоҳот – калимаҳои нави марбут ба журналистикаи муосир ва технологияҳои зеҳни сунъӣ низ шарҳ дода шудаанд.
Ф.ЙӮЛДОШОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.