Дар Канада роботи гуманоиди чордаста таҳия шудааст

Дар Канада роботи нави гуманоидӣ бо номи HELIOS муаррифӣ шуд, ки онро ширкати Orbit Robotics таҳия кардааст. Ин робот махсус барои истифода дар кайҳон ва шароити микрогравитатсия пешбинӣ шудааст.

Бар хилофи роботҳои маъмулӣ, HELIOS дорои тарҳи ғайриоддӣ мебошад — чор даст ва бе пой. Ба гуфтаи таҳиягарон, дар шароити бевазнӣ роҳ рафтан аҳамияти камтар дорад, дар ҳоле ки муҳимтарин вазифаҳо — устувор мондан, часпидан ба сатҳҳо ва иҷрои чанд амалиёт дар як вақт мебошанд. Аз ин рӯ, робот бо чор дасти бисёрфунксионалӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Helios барои кӯмак ба кайҳоннавардон ҳангоми нигоҳдории истгоҳи мадорӣ, борфарорӣ, таъмири таҷҳизот ва сохтани инфрасохтори кайҳонӣ таҳия карда мешавад, хабар медиҳад korrespondent.net.
Тибқи ҳисобҳои ширкат, кайҳоннавардон ҳоло тақрибан 35% вақти худро ба корҳои нигоҳдорӣ ва таъмир сарф мекунанд. Масалан, борфарории як киштии боркаш дар истгоҳи мадорӣ метавонад то 50 соат вақти экипаж-ро гирад. Бо назардошти ин, истифодаи HELIOS метавонад ҳам вақт ва ҳам хароҷотро хеле кам кунад, зеро як соати кори кайҳоннавард тақрибан 140 ҳазор доллар арзиш дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: