Кӯдакон ва табиат

Тағйироти ҳаёти растанию ҳайвонотро дар фаслҳои гуногун мушоҳида кардани кӯдакон боиси рушди фикри онҳо гардида, муҳаббаташонро нисбат ба табиат зиёд мекунад.

Илми табиат, ки он илми
 чизҳост.
Ибни Сино
 
Тағйироти ҳаёти растанию ҳайвонотро дар фаслҳои гуногун мушоҳида кардани кӯдакон боиси рушди фикри онҳо гардида, муҳаббаташонро нисбат ба табиат зиёд мекунад. Кӯдакон дар вақти мушоҳида ҳодисаҳои табиатро фаҳмида, алоқамандӣ ва бо ҳам вобаста будани ин ҳодисаҳоро то андозае дарк мекунанд. Табиате, ки кӯдаконро иҳота кардааст, сарчашмаи аввалини тасаввурот мебошад.
Барои инкишоф додани ҳисси эстетикии кӯдакон дар табиат ҳама чиз мавҷуд аст: гулу гулбуттаҳои рангоранг, шар-шари обу навои паррандагон, насими фораму ҳуштаки тундбод.
Барои дарки зебоии табиат адабиёт ва санъат мавқеи калон дорад. Кӯдакон дар вақти хондани шеър ва ҳикоя тамошои манзараю расмҳои китобчаҳо, гӯш кардани мусиқӣ бо образҳое, ки онҳо асрори табиатро ошкор мекунанд, шинос мешаванд.
Пешрафти замон, илму техника, беҳтар шудани шароити моддӣ ва маънавии ҳаёти мо дар назди оила ва кӯдакистон вазифаҳои нави тарбиявиро мегузорад.
Дар зери таъсири табиати гирду атроф ва тарбия оҳиста-оҳиста дар кӯдакон  завқи эстетикӣ ва меҳру муҳаббат ба табиату санъат пайдо мешавад. Аз ин рӯ, вазифаи асосии оила ва кӯдакистон инкишоф додани қобилияти дарк намудани зебоии табиат, дуруст мушоҳида ва тасвир карда тавонистани он, дар амал татбиқ намудани маҳорати бадеии худ аз тарафи кӯдак мебошад. Бо ин мақсад зарур аст, ки падару модар ва мураббиён диққати кӯдаконро ба муайян карда тавонистани зебоии табиат, меҳнати одамон, корҳои олиҳимматонаи инсон равона карда тавонанд.
Дар синни томактабӣ дар кӯдакон нишонаҳои маҳорати эҷодӣ дида мешавад. Мо бояд ҳангоми аз тарафи кӯдакон иҷро намудани мақсади дарпешгузошта ба онҳо мадад расонем.
Дар тарбияи сифатҳои ахлоқии кӯдакон тарбияи меҳру муҳаббат ба табиат нақши калон мебозад. Он дар ғамхорӣ ва муҳофизат кардани табиати гирду атроф ва аз нав барқарор намудани сарватҳои он зоҳир мегардад. Ҳамин тавр, муносибати дуруст ба предметҳои табиат на танҳо ба тарбияи эстетикӣ, балки тарбияи ахлоқии кӯдак низ кӯмак мерасонад.
 
Собир Эргашев,
омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориш.
Вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: