Баъзан як калима метавонад тамоми зиндагиро тағйир диҳад. Калимаи «муаллим» аз ҳамин гуна аст.
Дар паси ин калима меҳнат, муҳаббат, фидокорӣ, сабр ва орзу нуҳуфтааст. Зеро муаллим шахсест, ки ояндаи кӯдакон, рӯзи фардои ҷомеа ва маънавияти миллатро шакл медиҳад.
Ҳар рӯз муаллим аз дари синф медарояд — на танҳо барои гузаронидани дарс, балки барои роҳнамоии зиндагӣ. Ӯ бо қалам дар даст ва сад орзу дар дил, донишро ба дили поки кӯчак мешинонад. Ба хонанда ҳарф меомӯзад, вале аз ин ҳарфҳо на танҳо калимаҳо, балки орзу ва тақдирҳо сохта мешавад.
Андеша кунед: муаллими синфи ибтидоӣ ба кӯдак ҳарфи «А»-ро меомӯзад. Ин ҳарф одӣ нест — ин оғоз аст, ин роҳ аст, ин қадами аввал аст. Аз ҳамин ҳарфи хурд оламро ба шогирдон мекушояд. Яке шоир мешавад, дигаре муҳандис, сеюмӣ табиб. Аммо ҳар яке роҳи худро аз ҳамин ҳарфҳо оғоз кардааст. Пас, ҳар як муаллим меъмори орзуву тарроҳи оянда аст.
Арзиши ин касб бисёр вақт дар хомӯшӣ нуҳуфтааст. Муаллим шӯру ғавғо намехоҳад, вале дар паси ҳар як муваффақият меҳнати беинтиҳои ӯ пинҳон аст. Онҳо ҳар рӯз садҳо дарс мегузаронанд, ҳазорҳо дафтарро месанҷанд, аммо муҳимтар аз ҳама — бо дилҳо кор мекунанд.
Имрӯз замон дигар шудааст, технологияҳо рушд ёфтаанд, зеҳни сунъӣ ҳатто асарҳои адабиро менависад. Вале ҳеҷ гоҳ наметавонад муҳаббат, нигоҳ ва гармии дили муаллимро иваз кунад. Зеро муаллим робот нест — ӯ инсонест орзу месозад ва ба ҳарфҳо ҷон мебахшад.
Сарвиноз Турсунова,
муаллими кафедраи методикаи таълими томактабӣ ва ибтидоии
Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ.