Олимон дарсро мӯъҷиза ва санъат хондаанд. Зеро кӯдаки хурдсол дар натиҷаи азхудкунии маводи дарсӣ дар давоми солҳои таҳсил ба камол мерасад ва ба тадриҷ, шахсияташ ташаккул меёбад.
Муаллифи ин ташаккулёбӣ омӯзгори синфи ибтидоӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, равшанфикрони ҷомеа дар назди омӯзгор, махсусан, муаллимони синфи ибтидоӣ талаботи зеринро гузоштаанд:
дарс бояд ба таълиму тарбия ва рушди маънавии донишомӯзон равона карда шавад;
ҳар як дарс бояд мувофиқи сохти худ – оғоз, гузориши мақсад, шарҳу эзоҳ, мустаҳкамкунӣ, ҷамъбасту вазифаи хонагӣ паси ҳам гузаронида шавад;
дарс бояд ба талаботу усулҳои илмиву методӣ ҷавобгӯ бошад ва дар он хусусиятҳои рӯҳии донишомӯзон қатъан ба назар гирифта шавад;
дар дарс бояд омӯзгор аз дастовардҳои пешқадам ба монанди технологияҳои замонавӣ, зеҳни сунъӣ истифода бурда тавонад;
бо падару модарони донишомӯзон ба таври онлайн мулоқот карда тавонад;
мазмуну моҳияти дарсро муаллими синфҳои ибтидоӣ бояд ба ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа интегратсия ва ба барномаи таълимӣ мувофиқат кунанд.
Синфҳои ибтидоӣ зинаи аввалини таҳсилоти мактабӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин марҳила кӯдакон асосҳои донишро аз худ мекунанд ва ба муҳити омӯзиш одат менамоянд. Дар синфҳои ибтидоӣ фанҳои асосӣ ба монанди хондан, навиштан, ҳисоб ва табиатшиносӣ омӯзонида мешаванд. Омӯзгорон кӯшиш мекунанд, ки ба хонандагон донишро бо усулҳои сода ва фаҳмо расонанд. Дар ин давра кӯдакон малакаҳои аввалини муошират, ҳамкорӣ ва мустақилона фикр карданро инкишоф медиҳанд. Яке аз вазифаҳои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ин бедор кардани шавқу ҳавас ба донишомӯзӣ мебошад. Агар кӯдак дар ин марҳила ба таҳсил тавваҷҷуҳ пайдо кунад, дар зинаҳои баъдӣ низ хубтар меомӯзад. Аз ин рӯ, омӯзгор бояд сабур, меҳрубон ва эҷодкор бошад. Ғайр аз ин, дар синфҳои ибтидоӣ тарбияи ахлоқӣ низ аҳамияти калон дорад. Кӯдакон меомӯзанд, ки бо ҳамдигар эҳтиромона муносибат кунанд, қоидаҳоро риоя намоянд ва масъулиятшинос бошанд. Хислатҳои ҳамидаи инсониро, ки ҳар як донишомӯз бояд доро бошад, танҳо омӯзгор метавонад тавассути суҳбат, дарс ва байту ривоятҳое, ки характери пандомӯзӣ доранд, ташаккул диҳад. Фазилатҳои неки инсониро ба хонанда додан вазифаи омӯзгор ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як муаллим бевосита худомӯзӣ карда, бисёртар хонад, эҷод кунад ва қироати дурусти матн ё шеърро пайваста тамрин намояд. Дар назди хеш мақсад гузорад, ки ӯ ҳамчун муҳандиси рӯҳи инсон, бо хонанда сарукор дорад. Барои онҳо роҳи дурусти зиндагиро мекушояд. Як иштибоҳи омӯзгор метавонад солиён ба хонанда зарари маънавӣ расонад.
Ба онҳое, ки дар ин роҳи пурмашаққату бошараф умри бобаракати хешро сарфи таълиму тарбия намудаанд, пешравӣ ва комёбиҳои бардавом таманно дорем.
Ба ҷисми мо ту ҷонӣ, эй муаллим,
Анису меҳрубонӣ, эй муаллим.
Ба мо илму адаб омӯхтӣ ту,
Накӯву нуктадонӣ, эй муаллим.
Туро чун шеди олам мепарастам,
Ба роҳам дур фишонӣ, эй муаллим.
Диле дорӣ, ки дунё мешавад ҷо,
Ҷаҳони бекаронӣ, эй, муаллим.
Саодат мекунад васфат шабу рӯз,
Аз он ки ҷовидонӣ, эй муаллим.
Саодат Сангинова,
директори мактаби рақами 82-юми
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.