Аз соли 2026 сар карда, ҳар сол бо мақсади дастгирии шавқу рағбати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба китобхонӣ ҳаракати миллии китобхонӣ баргузор мегардад.
Дар ин бора Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҷорӣ намудани барномаи васеи китобхонӣ миёни ҷавонон ва дастгирии шавқу рағбати онҳо» қабул гардид.
Тибқи фармон, барнома ҳар сол дар се марҳила амалӣ мешавад.
Марҳилаи аввал ба таври онлайн тавассути платформаи kitobxonlikharakati.uz баргузор гардида, марҳилаҳои дуюм ва сеюм дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ бо иштироки бевоситаи довталабон гузаронида мешаванд.
Иштирокчиён дар доираи се гурӯҳи синнусолӣ рақобат намуда, тибқи тартиби муқарраршуда аз марҳилаҳои интихобӣ мегузаранд.
Барои гурӯҳҳои синфҳои болоӣ (синфҳои 6–8 ва 9–11) ғолибон ва ҷоизадорон бо мукофотҳои зерин қадрдонӣ мешаванд:
Ҷойи аввал – ба ҳар яке аз 2 ғолиб 50 ҳазор доллари ИМА ва диплом;
Ҷойи дуюм – ба ҳар яке аз 2 ҷоизадор 30 ҳазор доллари ИМА ва диплом;
Ҷойи сеюм – ба ҳар яке аз 2 ҷоизадор 15 ҳазор доллари ИМА ва диплом;
Дар доираи 5 номинатсияи иловагӣ ҳар як ғолиб 10 ҳазор доллари ИМА ва диплом дарёфт мекунад.
Ин ташаббус барои баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ, рушди ҷаҳонбинӣ ва ташаккули насли донишманду китобдӯст равона шудааст.