СҶТ: шумораи ҳолатҳои гумонбар ба Эбола аз 900 гузашт, 101 ҳолат тасдиқ шудааст

Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус дар бораи афзоиши шумораи гирифторони табларзаи Эбола дар Африқои Марказӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, шумораи ҳолатҳои эҳтимолии беморӣ аз 900 нафар гузашта, 101 ҳолат дар озмоишгоҳ тасдиқ шудааст. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки шумораи воқеии мубталоён метавонад бештар бошад, зеро дастрасӣ ба баъзе минтақаҳо маҳдуд аст.

Дар СҶТ мегӯянд, мубориза бо паҳншавии сироят бинобар идомаи даргириҳои мусаллаҳона дар минтақаи хуруҷи беморӣ дар Ҷумҳурии Демократии Конго душвор шудааст. Амали гурӯҳҳои шӯришӣ кори гурӯҳҳои тиббӣ, гузаронидани эмгузаронӣ ва интиқоли беморонро мушкил мегардонад, менигорад RuNews24.

Пештар СҶТ хуруҷи кунунии Эболаро, ки аз навъи Бундибугио сар задааст, вазъияти фавқулодаи байналмилалӣ дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ эълон карда буд. Манбаъҳои беморӣ дар Ҷумҳурии Демократии Конго ва Уганда сабт шудаанд.

Ин сироят аз ҳайвоноти ваҳшӣ ба инсон гузашта, сипас тавассути тамоси мустақим бо моеъҳои биологии шахси сироятшуда паҳн мешавад. Дар марҳилаҳои аввал беморӣ бо таби баланд, дарди мушакҳо, сардард ва дарди гулӯ ба мушоҳида мерасад. Дар ҳолатҳои вазнин осеби узвҳои дохилӣ ва хунравӣ ба вуҷуд меояд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: