Пешниҳодҳо оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тиҷорати хурд баррасӣ шуданд

  • Пешниҳодҳо оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тиҷорати хурд баррасӣ шуданд
  • Пешниҳодҳо оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тиҷорати хурд баррасӣ шуданд
  • Пешниҳодҳо оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тиҷорати хурд баррасӣ шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев бо муаррифии пешниҳодоте, ки ба фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоиди иқтисодиву маъмурӣ барои рушди субъектҳои тиҷорати хурд нигаронида шудаанд, шинос гардид.

Тиҷорати хурд аз бахшҳои муҳиме ба ҳисоб меравад, ки дар иқтисодиёт шуғл, даромад ва муҳити рақобатро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, солҳои охир дар самти дастгирии соҳибкорӣ, кам кардани бори андоз ва соддасозии хидматҳои давлатӣ тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд.

Бо вуҷуди ин, баъзе тартиботи ҷорӣ ба рушди табиии тиҷорат монеа эҷод мекунанд. Бахусус, агар даромади субъектҳои тиҷорати хурд то 1 миллиард сӯм бошад, дар низоми содакардашудаи андоз фаъолият менамоянд. Аммо аз ин меъёр зиёд шавад, онҳо андози арзиши иловашуда ва андози фоидаро парохт мекунанд.

Ин меъёр ҳанӯз соли 2019 муайян гардида буд ва дар муҳлати сипаришуда нархҳо ба таври назаррас боло рафтанд. Дар натиҷа, баъзе соҳибкорон ҳангоми наздик шудан ба ҳадди 1 миллиард сӯм, ба пинҳон кардани гардиш, надодани чек ё ба якчанд субъект ҷудо намудани тиҷорат мегузаранд.

Дар тақдимот пешниҳод гардид, ки аз 1 июни соли 2026 ҳадди гузариш ба низоми умумии андоз барои тиҷорати хурд аз 1 миллиард то 5 миллиард сӯм зиёд карда шавад.

Ҳамчунин, ташаббуси барои соҳаҳои хӯроки умумӣ, савдо ва хидматрасонӣ ҷорӣ намудани тартиби содакардашудаи пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба миён гузошта шуд. Мувофиқи он, соҳибкорон метавонанд андоз аз арзиши иловашударо ихтиёрӣ бо меъёри 6 фоиз пардохт намуда, аз супоридани андоз аз фоида озод гарданд ё фаъолияти худро тибқи тартиби амалкунандаи умумӣ идома диҳанд.

Бо ин роҳ раванди ҳисоб ва пардохти андоз барои тиҷорати хурд соддатар гардида, бори маъмурӣ кам мешавад, инчунин ҳавасмандӣ ба пинҳон кардани гардиш ва ба таври сунъӣ тақсим кардани тиҷорат коҳиш меёбад.

Ҳамчунин, мушкилоти марбут ба маъмурияти ААИ таҳлил гардиданд. Дар соҳибкороне, ки ба низоми ААИ гузаштаанд, ҳисоботҳо ду баробар афзоиш ёфтааст. Соли 2025 аз миёни андозсупорандагоне, ки дар ҳисоботҳояшон хато ошкор шудааст, 77 фоизаш ба пардохткунандагони ААИ рост омадааст.

Аз ин рӯ, ба таври автоматӣ баргардонидани фарқи манфии ААИ барои соҳибкорони дорои сатҳи пасти хавф, бекор кардани тартиби муваққатан боздоштани гувоҳномаи пардохткунандаи ААИ, аз нав баррасӣ намудани амалиёти ҳатмии гузариш ба ААИ ҳангоми воридот ва автоматӣ намудани раванди кушодани суратҳисоби бонкӣ пешниҳод гардид.

Бо мақсади кам кардани фишори маъмурӣ нисбат ба субъектҳои тиҷорати хурд пешниҳод шуд, ки ба соҳибкорон имкони мустақилона ислоҳ кардани хатогиҳо дода шавад. Инчунин, тартиботе роҳандозӣ гардад, ки дар ҳолатҳои мавҷудияти хавфи андоз то 500 миллион сӯм, аудити андоз ва агар то 100 миллион сӯм бошад, санҷиши сайёри андоз гузаронида нашавад.

Дар соҳаи хӯроки умумӣ ва хидматрасониҳои меҳмонхона низ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, иҷозат додан ба реализатсияи маҳсулоти алкоголӣ ва тамоку ба шакли нақдӣ, бекор кардани талабот оид ба ҳиссаи даромади ғайринақдӣ ҳангоми баргардонидани қисми ААИ ва ба таври содакардашуда ба расмият даровардани баъзе кормандон пешниҳод гардид.

Тавассути татбиқи ин чораҳо барои беш аз 600 ҳазор субъекти тиҷорати хурд фароҳам овардани имконияти рушди қонунӣ дар назар аст. Аз ҳисоби шаффоф гардидани пойгоҳи андоз, ҳамасола ба буҷет вуруди на камтар аз 2 триллион сӯм даромади иловагӣ пешгӯӣ карда мешавад.

Сарвари давлат ин пешниҳодҳоро дастгирӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва одилона барои тиҷорати хурд, тавассути соддасозӣ ва рақамикунонии маъмурияти андоз, таҳкими эътимоди соҳибкорон ва ҳавасманд намудани онҳо барои густариши фаъолият дастурҳои дахлдор дод.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: