Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимот оид ба ҷорӣ намудани механизмҳои бозорӣ дар саноати ангишт, афзунсозии ҳаҷми истеҳсолот ва лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ шинос шуд.
Ангишт яке аз манбаъҳои муҳими энергетикӣ дар таъмини эҳтиёҷоти бахшҳои иқтисодиёт, неругоҳҳои барқи ҳароратӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, таъминоти устувор, сифати маҳсулот, шаффофияти нархҳо, муҳити рақобатпазир ва таъмини талаботи экологӣ дар соҳа нақши муҳим доранд.
Агар дар 25 соли аввали истиқлолият истихроҷи ангишт ба ҳисоби миёна аз 3,1 миллион тонна то 4 миллион тонна афзоиш ёфта бошад, дар 9 соли охир ин нишондиҳанда ба 10 миллион тонна расонида шуд. Дар мавсими тирамоҳу зимистони оянда ба 11 миллион тонна расонидани ҳаҷми истихроҷи ангишт ба нақша гирифта шудааст.
Алҳол шумораи соҳибкорони хусусие, ки бо истихроҷи ангишт машғуланд, ба 18 адад расид. Тӯли солҳои 2023-2025 аз ҷониби онҳо корҳои геологию ҷустуҷӯӣ густариш ёфта, 2,4 миллион тонна ангишт истихроҷ карда шуд. Барои ин равандҳо 117,2 миллион доллар сармояи хусусӣ равона карда шуд. Аз ҳисоби омехта кардани ангишти Ангрен ва Шарғун ба неругоҳҳои барқи ҳароратӣ 1,5 миллион тонна ангишти маҳаллии ивазкунандаи воридот ва дорои қобилияти баланди сӯзиш расонида шуд.
Дар муаррифӣ масъалаи ба тамоюлҳои бозорӣ гузаронидани ташаккули нархи ангишт баррасӣ гардид.
Гуфта шуд, ки ба таври маъмурӣ муқаррар кардани нархҳо, ки дар амал аст, ба устувории молиявии истеҳсолкунандагон, ворид намудани сармоягузориҳои нав ва имкониятҳои зиёд кардани ҳаҷми истихроҷ таъсир мерасонад.
Аз ин рӯ, пешниҳод гардид, ки аз 1 июни соли 2026 таҷрибаи аз ҷониби давлат муайян кардани нархи ангишт бекор карда шуда, ангишт аз рӯйхати намудҳои стратегии маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ки аз ҷониби давлат танзим мегардад, хориҷ карда шавад. Дар ин ҳолат, нархи ангишт дар асоси талаб ва пешниҳод ташаккул ёфта, ба истеъмолкунандагон тавассути савдои биржавӣ фурӯхта мешавад.
Ин равиш ба фароҳам овардани муҳити рақобати озод дар соҳа, таъмини шароити баробар барои ҳамаи иштирокдорон ва ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагон барои ҳаҷми иловагӣ ва сифат хидмат хоҳад кард. Неругоҳҳои барқи ҳароратӣ ва истеъмолкунандагони бузург метавонанд ангиштро дар асоси тартиби "дархости пешниҳод" бо нархҳои миёнаи биржавии давраи ҳисоботӣ харидорӣ намоянд.
Барои таъмини устувори аҳолӣ ва муассисаҳои буҷетӣ бо ангишт механизми алоҳида ҷорӣ карда мешавад. Истеҳсолкунандагони ангишт маҳсулотро дар савдои биржавӣ тавассути майдони алоҳидаи савдо ба соҳибкорони таъминкунанда мефурӯшанд. Соҳибкорон дар асоси меъёрҳое, чун мавҷудияти анбор, техника ва рейтинги андоз, тавассути низоми электронӣ интихоб карда мешаванд.
Бо мақсади бартараф намудани тафовути нархи ангиште, ки ба аҳолӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ дар саросари ҷумҳурӣ расонида мешавад, ҳамлу нақли он тавассути роҳи оҳан бар асоси тарифи ягона амалӣ мегардад. Фаъолияти Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Кӯмир таъминот» қатъ гардида, 96 анбори ангишт ва техникаҳои мавҷудаи минтақаҳо тавассути музояда фурӯхта мешаванд.
Ба масъалаи дастгирии қишри ниёзманди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода шуд. Ба оилаҳое, ки дар Феҳристи иҷтимоӣ сабти ном гардидаанд ва тавассути портали Mycoal.uz ангишт харидорӣ мекунанд, дар моҳҳои июн-декабри соли ҷорӣ то 600 ҳазор сӯм кумаки якдафъаинаи моддӣ ҷудо карда мешавад. Ин тадбир ба ҳифзи ҳадафманди оилаҳои ниёзманд дар шароити гузариш ба механизмҳои бозорӣ равона шудааст.
Бинобар сифат ва амнияти экологии ангишти воридотӣ низ талаботи нав ҷорӣ мегардад. Барои ангиште, ки ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид мешавад, меъёрҳо вобаста ба миқдори сулфур, калориянокӣ ва дигар нишондиҳандаҳо таҳия хоҳанд шуд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ истифода ва фурӯши ангишти воридотие, ки ба талаботи экологӣ ва сифати муайяншуда ҷавобгӯ нест, манъ карда мешавад. Минбаъд воридоти ангишт танҳо тавассути роҳи оҳан амалӣ хоҳад шуд.
Дар тақдимот дар бораи лоиҳаи сармоягузорӣ барои азхудкунии кони ангишти Нишбош низ маълумот дода шуд. Захираи умумии ин лоиҳа 233 миллион тонна буда, иқтидори солонаи истихроҷ 10 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа, ки 494 миллион доллар арзиш дорад, 880 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Ҳамчунин, дар заминаи ин кон бунёди неругоҳи нави барқи ҳароратӣ бо иқтидори умумии 1,4 гигаватт пешниҳод гардид. Тибқи лоиҳа, 1,3 миллиард доллар сармоя ҷалб гардида, бо истифода аз технологияҳои ултрабаланди критикӣ 4 энергоблок, ки ҳар яке 350 мегаватт иқтидор доранд, сохта мешаванд.
Дар раванди сохтмон 1500 ҷойи корӣ ва баъд аз пурра ба кор даромадани лоиҳа 310 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад. Ҳамасола ба ҳисоби миёна 9,8 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намудани неругоҳва тавассути ин фароҳам овардани имкони сарфаи 2 миллиард метри мукааб гази табиӣ дар назар аст.
Инчунин, дар муаррифӣ масъалаҳои маҳаллисозӣ дар саноати кӯҳу кон ва рушди кооператсияи саноатӣ баррасӣ гардиданд. Аҳамияти зиёд кардани ҳиссаи маҳсулоти маҳаллӣ дар лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ, муттаҳид намудани эҳтиёҷоти комбинатҳои бузург ва корхонаҳои соҳавӣ, инчунин дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ дар асоси шартномаҳои дарозмуҳлат таъкид гардид.
Тибқи таҳлилҳо, дар саноати кӯҳу кон имкони ба 2,1 миллиард доллар расонидани иқтидори ҷойгузинии воридот мавҷуд аст. Ин пеш аз ҳама, аз ҳисоби маҳаллисозии истеҳсоли техника, қисмҳои эҳтиётӣ, реагентҳои кимиёвӣ ва агрегатҳои бузург таъмин мегардад.
Дар робита ба ин, таҳияи Стратегияи маҳаллисозӣ дар саноати кӯҳу кон, ки барои солҳои 2027–2030 пешбинӣ гардидааст, супориш дода шуд.
Сарвари давлат пешниҳодҳоро маъқул дониста, ба мутасаддиён супоришҳои дахлдор дод.