Раванди иҷрои лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуд

  • Раванди иҷрои лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуд
  • Раванди иҷрои лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуд
  • Раванди иҷрои лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуд
  • Раванди иҷрои лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуд

Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимот оид ба рушди инфрасохтори нақлиёт шинос гардид.

Инфрасохтори нақлиёт дар пайвастсозии мутақобилаи бахшҳои иқтисодиёт, пурра ба кор даровардани иқтидори минтақаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ ва тиҷорат нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, дар мамлакат ба рушди роҳҳои автомобилгард, авиатсия, логистика ва долонҳои байналмилалии нақлиётӣ диққати махсус дода мешавад.

Дар муаррифӣ пеш аз ҳама, лоиҳаи сохтмони роҳи алтернативии автомобилгарди «Тошканд – Самарқанд» баррасӣ гардид. Дарозии ин роҳ 282 километр буда, вилоятҳои Тошканд, Сирдарё, Ҷиззах ва Самарқандро ба ҳам мепайвандад. Роҳ тибқи тоифаи I-а, бо рӯйпӯши сементу бетон сохта шуда, дар ҳар ду самт се хатти ҳаракат мавҷуд хоҳад буд. Суръати лоиҳавии он дар як соат 150 километрро ташкил медиҳад.

Дар доираи лоиҳа сохтмони 12 роҳҳали нақлиётӣ, 60 гузаргоҳи нақбӣ, 91 пул, 16 роҳгузар, 258 иншооти заҳбур (дренажӣ) ва ҷорӣ намудани низоми интеллектуалии нақлиёт пешбинӣ шудааст. Инчунин, 12 терминал, инфрасохтори канори роҳ ва низоми вазнченкунӣ бунёд мегардад.

Супориш дода шуд, ки раванди музокира бо сармоягузорони боиқтидорро суръат бахшида, корҳои сохтмонӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳ оғоз гарданд.

Дар мамлакат ҷиҳати ташаккули экосистемаи нав дар соҳаи авиатсия низ корҳои густурда амалӣ мегарданд.

Бахусус, 7 фурудгоҳи байналмилалии минтақаҳо дар асоси талаботи замон бозсозӣ мешаванд. Дар ноҳияҳои Мӯйноқ, Қӯқанд, Зомин, Шаҳрисабз, Сариосиё ва Сӯх фурудгоҳҳои нав бунёд гардида, шумораи онҳо ба 18 адад расонида шуд.

Бахусус, барои ташкили фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Навоӣ дар асоси тамоюлҳои идоракунии лоиҳавӣ ва баланд бардоштани мустақилияти тиҷоратии он тадбирҳо андешида мешаванд. Ба фурудгоҳ ҳуқуқ дода шудааст, ки бо ширкатҳои ҳавопаймоии дохиливу хориҷӣ оид ба ҳамлу нақли мусофирону бор, парвозҳои транзитӣ ва нишастҳои техникӣ мустақилона музокира гузаронда, шартномаҳо ба имзо расонад.

То соли 2030 ба 2,3 баробар зиёд намудани шумораи парвозҳо ва ба 7 ҳазор парвоз расонидани он дар як сол, ба 150 ҳазор нафар баровардани интиқоли мусофирон ва ба 45 ҳазор тонна расонидани ҳаҷми боркашонӣ дар назар аст. Инчунин, дар ҳудуди фурудгоҳ минтақаи озоди «порто-франко» таъсис дода мешавад, ки ба хидматрасониҳои техникӣ ва тиҷоратӣ барои ҳавопаймоҳо ихтисос меёбад.

Дар муаррифӣ лоиҳаи сохтмони Фурудгоҳи байналмилалии Тошканди Нав низ баррасӣ гардид.

Ин фурудгоҳ дорои иқтидори хидматрасонӣ ба 20 миллион мусофир дар як сол хоҳад буд. Масоҳати терминали мусофирбарӣ 208,4 ҳазор метри мураббаъро ташкил намуда, 169 таваққуфгоҳ барои ҳавопаймоҳо ва 2 хатти парвозу фуруд, ки ҳар кадоме 4 километр дарозӣ дорад, сохта мешаванд.

То ҳол дар асоси талаботи ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ корҳои арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ анҷом дода шудаанд. Дар ҳудуди лоиҳа корҳои кӯчонидани канал, коллекторҳо ва шабакаҳои барқ оғоз шудааст. Ҳоло  музокираҳо бо ташкилотҳои лоиҳакаш ва пудратчиён идома доранд.

Масъалаи таъмини корхонаҳои авиатсияи шаҳрвандӣ бо сӯзишвории авиатсионӣ низ баррасӣ гардид.

Иқтидори умумии маҷмааҳои пур кардани сӯзишвории фурудгоҳҳо 49 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. То соли 2030 зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли дохилии сӯзишвории авиатсионӣ соле то 600 ҳазор тонна ва иқтидори нигоҳдории он то 80 ҳазор тонна ба нақша гирифта шудааст. Бо ин мақсад, дар фурудгоҳҳои байналмилалии Навоӣ, Андиҷон, Бухоро, Урганч ва Тошканди Нав иқтидорҳои нави нигоҳдорӣ бунёд мегарданд.

Зарурати марҳила ба марҳила ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани равандҳои нигоҳдорӣ ва пур кардани сӯзишворӣ таъкид гардид. Дар соли ҷорӣ пурра рақамӣ намудани раванди идоракунии маҷмааҳои пур кардани сӯзишворӣ ва ҷорӣ намудани назорати бонизоми давлатӣ аз болои риояи талаботи равандҳои технологӣ дар фаъолияти маҷмааҳои пур кардани сӯзишвории фурудгоҳҳо муқаррар гардид.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки дар рушди инфрасохтори нақлиёт самарадории иқтисодии лоиҳаҳо, сифати сохтмон, талаботи бехатарӣ ва шароити мусоид барои аҳолӣ бояд меъёри асосӣ бошанд ва дар ин самт дастурҳои дахлдор дод.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: