Ҳамватанони муҳтарам!
Шумо, азизон, ҳама мӯъмину мусулмони кишварамон ва тамоми халқамонро бо айёми бузурги имрӯза, иди мубораки Қурбон аз таҳти дил самимона муборакбод менамоям.
Иди сулҳ, меҳру оқибат ва саховат – Ийд ал-Адҳа ғоя ва амалҳои некеро, ки дар моҳияти дини муқаддаси мо таҷассум ёфтаанд, равшан ифода намуда, имрӯз бо муштарак ва ҳамоҳанг будани худ бо мазмуну моҳияти ислоҳоти густурдае, ки дар руҳи инсонпарварӣ дар кишварамон татбиқ мешаванд, барои ҳамаи мо боз ҳам азизу гиромитар мегардад.
Вақте дар ин бора ҳарф мезанем, бояд таъкид кард, ки анъанаҳои неки Иди Қурбон дар корҳое, ки ҷиҳати таҳкими муҳити оромӣ, дӯстӣ ва ҳамҷиҳатӣ дар кишвари сермиллати мо, дастгирии инсонҳои ниёзманд, пиронсолони муҳтарам, зану духтарон ва ҷавонон, инчунин, обод кардани маҳалла ва хонадонҳо амалӣ мегарданд, барои мо чун манбаи нерӯю тавоноӣ ва илҳом хидмат мекунанд.
Солҳои охир корҳои мо дар самти омӯзиш ва тарғиби таърихи қадима ва арзишҳои ғании фарҳангии Ӯзбекистон, мероси илмиву маърифатии олимону мутафаккирони бузург ва моҳияти аслии дини ислом ба марҳилаи нав мебароянд. Инро метавон дар мисоли Маркази тамаддуни исломӣ дар пойтахти азими мо, ки чанде пеш дарҳои худро ба рӯйи халқамон ва меҳмонони кишвар боз кард, Маҷмааи ёдгории Имом Бухорӣ дар Самарқанд ва Маҷмааи илмиву маърифатӣ ва сайёҳии Бурҳониддин Марғинонӣ дар шаҳри Марғилон, ки аз мӯъҷизаҳои нодири Ӯзбекистони Нав ба шумор мераванд, баръало мушоҳида кард.
Бешубҳа, ин ҳама қадамҳои муҳими таърихӣ дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав мебошанд, ки онҳо моро барои ҳаракат бо сафарбарии боз ҳам бештар даъват мекунанд.
Дӯстони гиромӣ!
Ба шарофати шароити мусоиде, ки дар мамлакат барои таъмини озодии эътиқоди динӣ фароҳам гардидааст, дар ин рӯзҳои муборак беш аз 15 ҳазор ҳамватанони мо маросими муқаддаси Ҳаҷро адо менамоянд. Шумо хабар доред, ки имсол бори нахуст дар таърихи мо барномаи «Ҳоҷиёни Президент» ҷорӣ гардид. Мувофиқи ин барнома 100 нафар ҳамватанони мо – уламо, пиронсолон, фаъолони маҳалла ва аъзои оилаи онҳо, ки ба халқу диёр содиқона хидмат кардаанд, имкони сафар ба Ҳаҷи муборакро пайдо намуданд.
Дар ин лаҳзаҳои саодатманд ҳамаи ҳоҷиёнро бо Иди Қурбон табрик гуфта, аз Худованди мутаол қабули ибодатҳои онҳоро хоҳонем. Умед дорем, ки ин ҳамватанони соҳибэҳтироми мо пас аз бозгашт аз зиёрати муқаддас ҳамчун тарғибгарони накӯӣ ва маърифат дар корҳои маънавию тарбиявӣ, ки дар оила ва маҳаллаҳо, дар тамоми ҷомеа амалӣ мегарданд, фаъол иштирок мекунанд.
Аз фурсат истифода намуда, ба дӯстону ҳамкорони мусулмони худ дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон низ табрикоти гарму самимии худро ирсол намуда, барояшон сулҳ, шукуфоӣ ва фаровонӣ таманно мекунем.
Ҳамватанони азиз!
Имсол низ ба муносибати Иди Қурбон чанд рӯзи истироҳат муайян карда шуд. Ба ҳамватаноне, ки дар ин рӯзҳои идона ҳам, дар хидмати халқ ҳастанд, дар сарҳадҳои Ватан вазифаи худро бо масъулият иҷро мекунанд, миннатдории махсус иброз менамоем.
Ҳамчунин, ҳамватанонамонро, ки дар хориҷи кишвар таҳсил ё фаъолият доранд, самимона табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо беҳтарин орзуҳоро баён мекунем.
Ба Худованди мутаол ҳамду сано бод, ки халқу диёри моро ба чунин айёми муборак дар фазои сулҳу амонӣ ва ҳамҷиҳатӣ расонд!
Илоҳо, Парвардигори олам халқу кишвари моро дар паноҳи худ нигоҳ дорад!
Иди Қурбон ба ҳамаи мо муборак бод!
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.