Оғози ҷашвораи байналхалқии 65-уми гулҳо дар Намангон бо баробари ҷамъ намудани ягонагии зебоии санъат, табиат ва қалби инсон ба атрофи худ, вакилони миллатҳои гуногунро ба сулҳу субот даъват менамояд.
Тантанаҳои хоси идона аз ҳудуди дарвозаи асосии ҳавоии водӣ – аэропорти байналхалқии Намангон бо автопаради гулҳо оғоз гардид. Дар замири ин автопарад самараи сиёсати одилонаи бардавомии осудагӣ ва фаровоние, ки дар Ӯзбекистони Нав ҳукмфармост, муҷассам ёфтааст.
Таъкид намудан ҷоиз аст, ки соли 2025 дар ҷараёни тайёрӣ ба ҷашнвора дар миқёси вилоят 100 миллион туп ниҳоли гул парвариш карда буданд. Имсол онро ба 150 миллион туп расонданд. Аз ҷумла, дар боғи маданият ва истироҳати ба номи Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар давоми як моҳ аз ҷониби ҷамоа зиёда аз 29 миллиону 600 ҳазор гул шинонда шуд.
Дар натиҷаи чунин лоиҳаи бузург шаҳри Намангон боз ба як комёбии таърихӣ ноил гардида, аз рӯйи номинатсияи “Бештарин гули шинондашудаи ҷамоа дар муддати як моҳ” ба китоби рекордҳои Гиннес расман дохил гардид. Ин муваффақият салоҳияти баланди ба бунёдкорӣ, ободгардонӣ, экология ва сайёҳӣ равонашудаи намангониҳоро боз як карра нишон дод.
Суратгир: Ҳотам Мамадалиев (ӮзА).