Маҷмӯаи Хоҷа Аҳрори Валӣ аз марказҳои машҳури меъмории фарҳангӣ ва маънавӣ дар Самарқанд аст.
Таърихи он бо ному корномаи яке аз пешвоёни тариқати нақшбандия Хоҷа Убайдуллоҳ ибни Хоҷа Маҳмуд ибни Хоҷа Шаҳобиддин Шошӣ вобаста мебошад, ки соли 1404 дар деҳаи Боғистони ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканди имрӯз таваллуд ёфта, соли 1490 дар ноҳияи Самарқанд вафот кардааст. Падари бузургвораш Хоҷа Маҳмуд ва бобояш Шайх Хованди Таҳур будаанд.
Ӯ тамоми умр ба манфиати халқ хидмат карда, бо корҳои хайру нек сазовори ҳурмату эҳтиром гардид. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишери Навоӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур ва дигар алломаҳои Шарқ ӯро чун пири маънавӣ қадр кардаанд.
Вазири молия ва хазинабони Аморати Бухоро Нодир Девонбегӣ, ки ба Хоҷа Аҳрори Валӣ эҳтироми хоса дошт, солҳои 1630-1635 дар шафати масҷиди ҷомеъ ва зиёратгоҳи Хоҷа Аҳрори Валӣ ба бунёди иншооти бузург, ки шабеҳи мадрасаи Шердори маҷмӯаи Регистон аст, камари ҳиммат баст.
Воқеан, дар мадрасаи Нодир Девонбегӣ барои таълиму тарбия гирифтан тамоми шароит фароҳам оварда шуд. Дар мадраса ҳуҷра, хобгоҳ, синфхона, толори таълим ва ғайра мавҷуд буданд.
Вале пас аз инқилоб «Оинаи Шердор» ба анборхонаи садорати доруворӣ табдил ёфта, бо мурури замон харобу фарсуда шуд.
Хушбахтона, баъд аз истиқлол мадрасаи Нодир Девонбегӣ ба тасарруфи идораи «Мероси фарҳангӣ» гузашт. Аммо, бояд таъкид намуд, ки ба ҳаёти дубора ёфтану аз харобшавӣ эмин мондани маҷмӯаи Нодир Девонбегӣ хидмати таъмиргари машҳур, усто Абдуғаффор Ҳаққулов (рӯҳашон шод ва хонаи охираташон обод бод!) хеле бузург аст. Усто Абдуғаффор Ҳаққулов баъдтар доир ба таъмиру тармими хушсифати ёдгориҳои таърихӣ китоби дарсӣ низ навишта буданд.
Воқеан суҳбати мо бо ин марди ҳунарманду гулдаст дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Шарқ тонги» ва ғайра чоп шудааст.
Аммо баъди вафоти усто Абдуғаффор мадрасаи Нодир Девонбегӣ ниҳоят хароб шуд ва таъмиру тармимаш, ба қавле, чун рӯдаи гов, кашол ёфт.
– Имсол бинобар бориши зиёди барфу борон, – гуфт директори маҷмӯаи Нодир Девонбегӣ Ғулом Турдимов, – деворҳои мадраса дарз рафтанд. Мо ба роҳбарияти вилоят, аз ҷумла ба идораи мероси фарҳангии Самарқанд хаттиву шифоҳӣ муроҷиат кардем, то дар масъалаи таъмиру тармими он дахолат кунанд. Вале то ҳол ваъда ҳасту амал нест. Ин ваъдабозӣ то кай давом мекунад, маълум нест. Шояд баъди дахолати рӯзнома кор ранги дигар бигирад...
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.