Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд, саволҳои зиёдеро ба миён меоранд.

Имрӯз қариб ҳар як хонандаи мактаб бо худ телефон ба дарс мебарад. Телефон дигар танҳо воситаи зангзанӣ нест. Он ба шабакаи пурраи интернетӣ табдил ёфтааст. Тавассути он метавон акс гирифт, навор сабт кард, ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуд ва ҳатто бо истифода аз барномаҳои зеҳни сунъӣ муҳтавои сохта омода намуд.
Коршиносон низ бар он назаранд, ки истифодаи бемаҳдуди телефон дар муҳити таълимӣ метавонад ба сатҳи донишандӯзӣ, интизом ва ҳатто ахлоқи ҷавонон таъсири манфӣ расонад.
Мутаассифона, имрӯзҳо ҳолатҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки баъзе хонандагон дар вақти дарс ҳамсинфон ё муҳити синфро бо телефон наворбардорӣ намуда, онро бо суханони таҳқиромез дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд. Дар натиҷа байни хонандагон, волидон ва ҳатто омӯзгорон нофаҳмӣ ва баҳсҳои ҷиддӣ ба вуҷуд меояд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки масъала танҳо доштани телефон нест, балки тарзи истифода ва назорати он мебошад. Дар баъзе мавридҳо чунин наворҳо боиси паст шудани обрӯи хонандагон, сар задани низоъ байни оилаҳо ва халалдор шудани муҳити солими таълим мегарданд.
Аммо вақте чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд, аксаран тамоми масъулият ба зиммаи омӯзгор гузошта мешавад. Аз омӯзгор талаб карда мешавад, ки ҳам таълим диҳад, ҳам тарбия кунад ва ҳам назорати пурраи хонандагонро таъмин намояд. Вале саволе ба миён меояд: вақте воситаи асосии парешонсозандаи диққат – телефон озодона ба синфхона ворид мешавад, оё танҳо омӯзгор бояд ҷавобгар бошад?
Бешубҳа, волидон, ҷомеа ва худи хонандагон низ дар ин масъала масъулияти ҷиддӣ доранд. Тарбияи фарзанд танҳо вазифаи омӯзгор нест. Муҳити оила, муносибати ҷомеа ва фарҳанги истифодаи технология низ дар ташаккули ахлоқи ҷавонон нақши муҳим мебозанд.
Аз ҷониби дигар, донишҷӯёни донишгоҳҳо ҷавононе мебошанд, ки аксаран аз 18-сола боло буда, қонунан соҳиби ҳуқуқи ронандагӣ ҳастанд. Бисёре аз онҳо бо риояи қоидаҳои роҳ ва фарҳанги ҷамъиятӣ мехоҳанд бо автомошини шахсии худ ба донишгоҳ раванд. Аммо дар баъзе муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои воридшавӣ ё истифодаи автомошин маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.
Албатта, ҳар гуна восита – хоҳ телефон бошад, хоҳ автомошин – дар сурати истифодаи нодуруст метавонад мушкил эҷод кунад. Автомошин метавонад сабаби серодамӣ ё ҳатто садама гардад, телефон бошад, метавонад ба воситаи паҳнсозии муҳтавои ғайриахлоқӣ ва косташавии сатҳи таълим табдил ёбад. Аз ҳамин лиҳоз, масъала бояд на танҳо бо манъ кардан, балки бо тарбияи фарҳанги истифодаи дурусти техника ҳал карда шавад.
Ҷомеаи имрӯз ба ҷавонони босавод, бофарҳанг ва масъулиятшинос ниёз дорад. Дар асри интернет ва зеҳни сунъӣ танҳо ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо роҳи ҳалли масъала нест. Муҳим он аст, ки ҷавонон истифодаи дурусти технология, эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон ва масъулияти шаҳрвандиро омӯзанд.
Шояд вақти он расидааст, ки мо ба ҷойи баҳсҳои танҳо манъ ё иҷозат, бештар ба масъалаи маърифати рақамӣ, фарҳанги истифодаи техника ва тарбияи ахлоқии ҷавонон диққат диҳем. Зеро ояндаи ҷомеа на танҳо аз қоидаҳо, балки аз сатҳи шуур ва фарҳанги насли нав вобаста аст.

Эҳром РАҶАБОВ.

Манбаъ:
Pressa.tj

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: