Дар рӯзҳое, ки мехостам ба зодгоҳ (ноҳияи Сӯх) биравам, Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев аз рӯйи чораҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ҷамъомад доир кард. “Боз як воқеаи хуш дар ҳаёти мардуми Сӯх!” – аз дил гузарондам бо ҳисси масарратбахш.
Як вақтҳо пеш аз сафар ба Сӯх маро ғам зер мекард. Бинобар дар пойтахт будани қайди шиносномаам аз сарҳадҳо гузаштан осон набуд.
Хаёл маро ба рӯзҳое бурд, ки воқеан мушкил буданд.
...Баъди пош хӯрдани сохтори шӯравӣ вазъ дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ҳарҷониба мушкил гашт. Тӯли ду даҳсолаи аввали истиқлолият низ, бинобар номуросоиҳо бо Қирғизистон, ҳудуде, ки ба ин сарзамин анклав ҳисоб меёфт, ба душвориҳои сахт рӯбарӯ гардид. Намешуд мардуми заҳматкаши Сӯх ба ноҳияи Риштон ва дигар ҳудудҳои ҳамсояи диёрамон озодона равуо созад. Барои бинобар зарурат ба маркази вилоят рафтан бо ранҷу шиканҷа як рӯзи умри азизи худро сарф менамуд.
Аз ин ҳам бадтараш, ҳолатҳои тамоман баста шудани сарҳад, дар ду тараф монда рафтани аъзои як оила баъзан моҳҳо давом мекард. Моҳии берун аз об мондаро мемонд халқи ҷафокаш. Намедонист ба кӣ дард гӯяд. Шикояткарда ба бало мемонд.
Машаққате, ки бинобар мушкилоти роҳ халқи Сӯх кашид, қариб 20 сол давом кард. Дар ҳаёти иҷтимоии ноҳия муаммоҳо ғун, аҳволи аҳолии бумӣ вазнин, пояҳои иқтисодӣ ниҳоят заиф шуда буданд.
Бо ба сари қудрат омадани роҳбари кунунии давлати мо, хушбахтона, вазъ тағйир ёфт, инак, душвориҳо дар ноҳия низ батадриҷ ҳалли худ меёбанд. Сарзамине, ки солҳои дароз ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода буд, алалхусус, ноҳияе, ки имкониятҳои нақлиётиву логистикӣ дар он куллан маҳдуд буданд, мавриди эътибори алоҳидаи роҳбари давлат қарор гирифтааст.
Бинобар иродаи қатъии сиёсии Президентамон ба иқлими Осиёи Марказӣ ҳавои мусоид ворид гашт. Ҳамкориҳои минтақавӣ ба роҳ гузошта шуданд. Муносибатҳоямон, аз ҷумла, бо Қирғизистон нарм шуд. Барои рушди маҷмӯӣ дар Сӯх низ имкониятҳои нав фароҳам омаданд.
Дар нимаи аввали соли 2020 бо супориши сардори давлат аъзои ҳукумати ҷумҳуриамон ба Сӯх ташриф фармуда, мушкилоти воҳаро омӯхт. Ба ҳолати аслии 27 ҷамоати шаҳрвандӣ дар ноҳия равшанӣ андохта ва чӣ намерасад, чӣ гуна инфрасохтор лозим, аниқ гардонда шуд. Аъзои ҳайат реҷаҳо кашиданд, таъҷилӣ ба ҳалли масъалаҳо шурӯъ сохтанд.
Аз ҷумла, барои оби нӯшокӣ бештар аз 20 километр, барои гузаронидани барқ – 79 километр, барои барқарории робита 71 километр қубур ва кабелҳои нахӣ кашида шуданд. Мақсад гузошта шуд ояндаи наздик барои пурра таъмин намудани аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дарозии нуқтаҳои обгузар ба 275 километр расонида шавад. Барои ин 108 миллиард сӯм ҷум ҷудо карда шуд. Барои таъмини аҳолӣ ба гази табиӣ ва моеъ низ чораҳо андешида шуданд.
Дар бораи такомули нуқтаҳои роҳӣ-нақлиётӣ ва коммуникатсияҳои муҳандисӣ ҳам чунин фикрҳоро гуфтан мумкин.
Бо дигарбора кушода шудани роҳи автомобилгарди Сӯх – Риштон мардум нафаси озод кашид. Роҳҳои нави автомобиливу ҳавоӣ кушода шуданд. Тартиби убур аз сарҳад сода ва сабук гардонда шуд.
Беҳуда нагуфта будаанд, ки роҳат кушода бошад, бахтат кушод аст. Алъон мардуми Сӯх ва ҳамсоягони дуру наздики он гӯё дар роҳҳои дӯстӣ қадам мезананд, равуо ва дидорбиниҳо ба мустаҳкамшавии риштаҳои меҳру оқибат мусоидат менамоянд.
Маълум, ки қисми асосии ҳудуд аз кӯҳсор иборат. Заминҳои корам хеле кам. Кишоварзон наметавонанд аҳолии ноҳияро бо озуқа таъмин созанд. Бинобар ҳамин навъҳои асосии озуқаворӣ аз ҳудудҳои дигар оварда мешаванд. То дараҷае ҳал шудани муаммоҳои нақлиётиву логистикӣ имконият фароҳам овард, ки дастархони мардум сарпур гардад. Масолеҳи сохтмон низ дар дуконҳо арзонтар шуд, ободгариҳо гувоҳ бар он ки дараҷаи зисти мардум рӯ ба беҳӣ ниҳода. Соҳибкорони маҳаллӣ аз имтиёзҳое, ки давлат барояшон офарида, оқилона истифода менамоянд. Кӯдакистонҳо, дабистонҳо, поликлиникаҳо, биноҳои маъмуриву иҷтимоӣ ва манзилҳои истиқоматии нав барпо шуда, Сӯх торафт ба таври шинохтанашаванда тағйир меёбад. Дар баробари кӯчаҳои марказӣ тангкӯчаҳо дар ҳудудҳои дурдаст низ мумфарш мегарданд.
Мувофиқи қарори махсуси Президент “Дар бораи чораҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии маҷмӯии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021” инак, 6 сол аст дар зодгоҳам тарзи зисти шаҳрвандон торафт рӯ ба хубӣ мениҳад, шахсони ҷисмониву ҳуқуқӣ дар пардохти андози замин ва молу мулк аз имтиёзҳо истифода менамоянд. Барои соҳибкорони якка низ сабукиҳо фароҳаманд. Барои барпои манзилҳои зист вомҳои ипотека ҷудо карда мешаванд.
Навъе зикр кардем, Сӯх воҳаест камзамин, бинобар ҳамин барои ба кишоварзӣ машғул шудани сӯхиён аз ноҳияҳои Ёзёвон, Қӯштеппа, Бағдод, Риштон ва Бувайда замин ҷудо ва барояшон дар асоси кредитҳои ипотека квартираҳо дода мешаванд.
Алъон дар 25 маҳаллаи ноҳия наздик 88, 6 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат менамояд. Дар ҳудуд 29 муассисаи таълими томактабӣ, 33 дабистон, дуто муассисаи таълими миёнаи махсус, 14-то муассисаи нигоҳдории тандурустӣ, ду объекти маданият фаъолият мебаранд.
Танҳо дар давоми соли гузашта 13 ҳазору 921-то ҷои нави корӣ офарида ва 1 ҳазору 667 оила аз камбағалӣ бароварда шуд. Дар баробари ҳамин дараҷаи камбағалӣ 7,9 фоиз, бекорӣ 5,5 фоизро ташкил намуд. Чунин нишондиҳанда аз дараҷаи миёнаи ҷумҳурӣ баландтар аст.
Дар ҷамъомаде, ки роҳбари давлат доир кард, мутасаддиён маълумот доданд, ки дар соли равон ба ноҳия ҷалб намудани сармоя ба андозаи 40 миллион доллари амрикоӣ, айни замон, таъмини содирот дар ҳаҷми 15 миллион доллар ба нақша даромадааст. Аз ҳисоби ҳамин интизор меравад ҳаҷми саноат 9 фоиз, хидматрасонӣ 17,1 фоиз, кишоварзӣ 7,6 фоиз боло равад.
Дар ҷамъомад ба масъалаи сайёҳӣ аътибори алоҳида нигаронида шуд. Таъкид ёфт соҳаи мазкур бояд ба яке аз драйверҳои иқтисодиёт табдил дода шавад. Масалан, дар деҳаҳои Сариканда, Ровон ва Истиқлол, ки дар соҳили дарёи Сӯх ҷойгиранд, барои барпои объектҳои нави сайёҳӣ имкониятҳо мавҷуданд. Дар баробари ин дар ин ҷо баҳри ташкил намудани кластерҳои хидматҳои тиббӣ шароит мусоид мебошанд.
Барои дар соҳаи сайёҳӣ ва хидматрасонӣ ҷалб намудани 60 миллион доллар инвеститсия, ташкил намудани 2 ҳазор ҷои нави корӣ, то 15 миллиард сӯм боло бардоштани ҳаҷми хидматҳои сайёҳӣ, ба 2 миллион доллар расонидани салоҳияти экспорт саъй карда мешаванд.
Аз ҳама муҳимаш, дар ҷамъомад фикру мулоҳизаҳое баён шуданд, ки қабл аз ҳама ба беҳтар намудани тарзи зисти солим ва некӯҳолии аҳолӣ, офаридани шароити хуби меҳнатӣ, барпои инфрасохтори қулай, ривоҷ додани соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳои ҳаллашон таъхирнопазир нигаронида шудаанд.
Айни замон дар кулли маҳаллаҳо ҷамъ 300 микролоиҳа корбаст гардида ва ба 8,6 ҳазор нафар ҷавонон асрори касбу ҳунар омӯзонда мешавад. Ба ин лоиҳаҳо аз ҷониби бонкҳо ҷамъ 64 миллиард сӯм захираи вомӣ сафарбар мегардад. Барои объектҳои иҷтимоиву инфрасохтор барилова 74, 5 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Масъалаҳои нақлиётиву логистикӣ чун ҳамеша дар маркази диққат аст. Барои ба дигар ҳудудҳо пайвастани ноҳия, сабукгардонии убури сарҳадҳо ва васеънамоии робитаҳои иқтисодӣ чораҳо андешида мешаванд.
Мутахассисон мегӯянд, бинобар он ки даромади асосии аҳолӣ аз кишоварзист, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ба соҳа аҳамияти муҳим касб менамояд. Дар 425 гектар мавзеи Қайроқ барпои боғҳои меванок, дар 60 гектар маҳаллаи Чашма офаридани плантатсияҳои заъфарон, дар 100 гектар хоҷагиҳои Озод ва Сӯх ба роҳ гузоштани кишти картошка мавриди назар аст. Дар маҳаллаи Навобод рушди моҳипарварӣ ба мақсад мувофиқ аст. Баробари ҳамин дар як қатор заминҳои бекорхобидаи ҳудудҳои деҳоти Деҳвайрон ва Тӯл барои барпои боғҳои нав имкониятҳо мавҷуд.
Назар ба таъкиди ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, ноҳия 9 сол инҷониб мавриди эътибори алоҳидаи роҳбари давлатамон қарор гирифта, дар ин мобайн ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳудуд корҳои васеъмиқёс ба амал бароварда шуданд. Аз ҳама асосиаш, дар ноҳия саноат арзи ҳастӣ намуд. Як сол инҷониб ба ҳудуд сармояҳои хориҷӣ ворид мегарданд, ки ин пештар гӯё тасаввурнопазир буд. Роҳбари давлат супориш додааст Сӯх ба ҳудуди аз бекорӣ ва муфлисӣ холӣ табдил дода шавад. Барои иҷрои вазифаҳое, ки дар зиммаашон ҳаст, масъулони мо муттасил кор мекунанд ва дар равнақи иҷтимоиву иқтисодии ин қаламрав ҳисса мегузоранд.
Вазири коҳиши ночорӣ ва шуғл Ботир Зоҳидов бар он аст, саъйҳо дар роҳи коҳишдиҳии камбағалӣ дар Сӯх натиҷа мебахшанд ва то охири сол аз 7,9 фоиз ба 4 фоиз фуровардани он ба нақша гирифта шудааст. Барои ба шуғл фаро гирифтани наздик 2 ҳазор нафар чораҳои манзилнок андешида ва ба 11 ҳазор нафар аҳолӣ хидматрасонии молиявӣ ба роҳ гузошта мешавад.
Раиси Кумитаи роҳҳои автомобилӣ Ҷамшед Турсунов мегӯяд, дар ноҳия наздик 500 километр роҳҳо мавҷуд. Қисми асосии онро роҳҳои маҳалливу дохилӣ ташкил менамоянд. Ягон роҳи таъмирталаб аз эътибор дур нахоҳад монд. Ғайр аз ин бо супориши роҳбари давлатамон пайи барпои роҳи наве камарбастаем, ки Сӯхро бевосита ба ноҳияи Ӯзбекистон мепайвандад.
Ҷонишини ҳокими вилояти Фарғона Мирзоҳид Убайдуллоев ёдрас месозад, яке аз самтҳои муҳими вазифае, ки роҳбари давлат наздамон гузоштааст, ба драйвери асосӣ табдил додани соҳаи сайёҳӣ дар Сӯх мебошад. Обу ҳавои муътадили қаламрав барои солимӣ созгор ва дар ин ҷо, хусусан дар соҳили рӯди шӯхоби Сӯх, барпо кардани истироҳатгоҳ ва санаторияҳо мувофиқи матлаб. Барои равнақи сайёҳӣ ва барпои муолиҷагоҳҳо 54 лоиҳа ба амал татбиқ карда мешавад.
Муовини ҳокими вилояти Фарғона Хуршед Аҳмедов дар масканҳои обод ва хуррами Сӯх барпо намудани кӯчаҳои нави гастроэнтерологиро низ ба мақсад мувофиқ мешуморад. Ҳамчунин муътамад аст бо барпо карда шудани масканҳои табобативу истироҳатӣ дар Сӯх боз як дурдонаи макони сайёҳӣ арзи вуҷуд хоҳад кард.
Ҳокими ноҳия Саидбаҳром Саидмӯсоев қайд мекунад таҳти ҳар банди қарори роҳбари давлати мо қадри инсон ва манфиати мардум хобидааст. Пештар бинобар носозгории шароит коршиносон-соҳибкорони варзидаи Сӯх дар ҷойҳои дигар кор мекарданд. Алъон мехоҳанд ба зодгоҳ баргарданд, дар ободгариҳо, ки бо ташаббуси роҳбари давлат дар ин гӯшаи дурдасти вилоят ба вуқӯъ меоянд, саҳмгузор бошанд.
Ду техникуме, ки фаъолият мебарад, ба ду муассисаи таълими олӣ дар маркази вилоят узван пайваста, илм ва ҳунар ҳамоҳангӣ касб менамоянд. Барои ғояҳои тиҷоратиашонро ба амал баровардани ҷавонон ва камоли касбу кори онҳо кулли шароитҳо фароҳам.
Чанд сол муқаддам барои хатмкардагони дабистонҳои таълими умумии ноҳия барои таҳсил дар муассисаҳои таълими олии мамлакат 500 квотаи гранти давлатӣ ҷудо карда шуда буд. Ҷавонони қаламрав аз имтиёз истифода карданд, беҳтаринҳо, инак, соҳиби маълумоти олӣ шуда, дар соҳаҳои гуногун аллакай чун кадрҳои сазовор меҳнат мекунанд. Сафи ҷавонони ҳушманд афзояд, кадрҳои малаканок зиёд мешавад. Ин низ барои ба оянда бо чашми боварӣ нигаристан муҳим.
Дар кӯчаҳои замонавии зодгоҳи худ по ниҳода, дар ҳар қадам як шукӯҳ ва ободгарие мебинам. Аз дигаргуниҳо аҳолӣ мамнун.
Доири ҷамъомаде, ки роҳбари давлат доир кард, суҳбатамон бо собиқадори меҳнат Баҳодурҷон Обидҷонов хеле тӯл мекашад. Вай мегӯяд, ҳар як давраи ҷараёнҳо дар Сӯхро Президенти муҳтарами мо таҳти назорати бевосита қарор додааст. Нуктаҳои қароре, ки молик ба аҳамияти таърихист, амалӣ гардида ва ба боз ҳам гулгулшукуфии ин диёр мусоидат месозанд.
Дигар, сӯхиён, ки замонҳое худро беҳимоят мешумурданд, алъон бо Ӯзбекистони рӯ ба тараққӣ ҳамтан ва ҳамҷон будани худро қалбан ҳис менамоянд.
Муҳаммадҷон ШОДӢ,
мухбири “Овози тоҷик”.
ТОШКАНД – СӮХ –
ТОШКАНД.