Роҳи сафед, хатмкунандагон!

Дар соли хониши 2025-2026 аз 10 ҳазору 193 мактаби мамлакат 1 миллиону 94 ҳазору 330 нафар писарону духтарон мактабро хатм карданд.

Қариб 622 ҳазор нафари онҳо синфи 9, беш аз 472 ҳазор нафар  хатмкардагони синфи 11 ба шумор мераванд.

16 ҳазору 481нафар хатмкардагони синфи 9 бо шаҳодатномаи дараҷаи аъло, 2 ҳазору 47 нафар хатмкардагони синфи 11 бо медали нуқра, 9 ҳазору 731 нафар бо медали тилло мактабро хатм намуданд. Қисми зиёди хатмкунандагонро мактабҳои вилоятҳои Самарқанд, Фарғона, Қашқадарё, Андиҷон ташкил медиҳанд.

Дар соли таҳсили 2025-2026 хонандагони мактабҳо дар олимпиадаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ 24 медали тилло, 46 медали нуқра ва 57 медали биринҷӣ ба даст оварданд. 2 нафар донишҷӯдухтар бо Ҷоизаи давлатии Зулфия сарфароз гардиданд. Шумораи донишҷӯёне, ки шаҳодатномаи донистани забонро доранд, ба 40 566 нафар расид, ки нисбат ба соли 2021 (10 960) 3,7 маротиба афзоиш ёфтааст.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: