Муваффақияти омӯзгори хориҷӣ

Ҳар як инсон роҳи ҳаёти ба худ хос дорад. Роҳи ҳаёти Марсден Аббей Николе аз Канада оғоз ёфта, имрӯз ба Ӯзбекистон вобастагии узвӣ дорад. Айни замон ӯ дар Мактаби президентии шаҳри Андиҷон фаъолият намуда, дар соҳаи таълим бо меҳнати самараноки худ лоиқи эътибору эҳтиром гардидааст.

Мутахассиси ҷавон Донишгоҳи Онтарияи Ҷанубиро хатм намуда, аз соли 2021 инҷониб дар мамлакатамон аз фанни кимиё дарс медиҳад. Дар муддати кӯтоҳ ӯ ба эътирофи намояндагони соҳаи таълим  сазовор гардида, бо ордени «Дӯстлик» тақдиронида шуд.

Марсден таъкид мекунад, ки рӯзҳои аввал дар ӯ ҳарос ва ҳаяҷон вуҷуд дошт. Шароити замонавии мактабҳои президентӣ, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқат кардани ҷараёни таълим ва аз ҳама муҳимаш, самимиву меҳмондӯстии халқамон ба ӯ таассуроти калон гузошт.

Барои хонум Марсден Аббей Николе вохӯрӣ бо роҳбари давлат ва ба ӯ супурдани мукофоти давлатӣ яке аз воқеаҳои фаромӯшнопазир гардид. Ба таъкиди ӯ, дар ҷамъияте, ки омӯзгор гиромӣ дошта мешавад, албатта, он ҷамъият рушд меёбад. Чунин шароит ва боварӣ омӯзгоронро водор месозад, ки боз ҳам фаъолтар ва самаранок меҳнат кунанд.

Дар сурат: Марсден Аббей Николе бо шогирдон.

Суратгир: З. УмурзоҚов. (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: