Рақамисозии иқтисодиёт – пойдевори тараққиёти замони нав

Дар асри XXI ҷаҳон бо суръате тағйир меёбад, ки то чанд даҳсола пеш тасаввураш ҳам душвор буд. Технологияҳои рақамӣ на танҳо тарзи муоширату зиндагии одамонро дигар карданд, балки ба муҳаррики асосии рушди иқтисодиёти кишварҳо табдил ёфтанд. Имрӯз иқтисодиёти қавӣ дигар танҳо ба захираҳои табиӣ ё истеҳсолоти бузург такя намекунад: дониш, технология ва рақамисозӣ ба сармояи асосии давлатҳо мубаддал шудаанд.

Аз ҳамин рӯ, мафҳуми “иқтисоди рақамӣ” бештар ба гӯши ҷомеа мерасад. Аммо рақамисозии иқтисодиёт дар асл чӣ маъно дорад ва чаро онро пойдевори тараққиёт меноманд?

Чанд сол пеш барои анҷоми як амалиёти бонкӣ ё гирифтани маълумотнома одамон маҷбур буданд соатҳо дар навбат истанд. Имрӯз бошад бо чанд гуфтугӯйи гӯшаки мобилӣ метавон маблағ интиқол дод, харид анҷом дод, ҳисобҳоро пардохт намуд ва ҳатто бисёр хидматрасониҳои давлатиро дастрас кард. Ин дигаргунӣ маҳз самараи рақамисозӣ мебошад.

Рақамисозии иқтисодиёт – ворид намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба тамоми бахшҳои фаъолияти иқтисодӣ аст. Аз идораҳои давлатӣ то корхонаҳои истеҳсолӣ, аз соҳаи маориф то тандурустӣ – ҳама ба тадриҷ ба низоми рақамӣ мегузаранд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки иқтисодиёти рақамӣ метавонад суръати рушдро зиёд, сифати хидматрасониҳоро беҳтар ва шаффофияти идоракуниро тақвият бахшад.

Имрӯз рақобат миёни кишварҳо бештар дар майдони технология ҷараён дорад. Давлатҳое, ки тавонистаанд технологияҳои муосирро ба иқтисодиёти худ ворид созанд, дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи устувортар доранд.

Рақамисозӣ барои соҳибкорон имкониятҳои нав фароҳам меоварад. Мисолан, тиҷорати электронӣ дигар сарҳад намешиносад. Соҳибкор метавонад маҳсулоти худро на танҳо дар бозори маҳаллӣ, балки ба муштариёни хориҷӣ низ пешниҳод кунад.

Дар истеҳсолот бошад, автоматикунонӣ ва барномаҳои рақамӣ имкон медиҳанд, ки вақт сарфа шавад, хароҷот коҳиш ёбад ва сифати маҳсулот беҳтар гардад. Бисёр ширкатҳои муосир имрӯз фаъолияти худро тавассути таҳлили маълумот, зеҳни сунъӣ ва идоракунии рақамӣ ба роҳ мемонанд. Таъкид шудааст, ки дар ояндаи наздик маҳз технологияҳо самтҳои асосии иқтисоди ҷаҳонро муайян хоҳанд кард.

Шояд баъзеҳо гумон кунанд, ки иқтисоди рақамӣ танҳо ба мутахассисони соҳаи IT ё ширкатҳои бузург дахл дорад. Аммо воқеият дигар аст, рақамисозӣ имрӯз ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳар инсон табдил ёфтааст. Пардохти ғайринақд, хидматрасониҳои онлайн, омӯзиши фосилавӣ, савдои интернетӣ, кор аз роҳҳои дур, дар хона нишаста хариди чипта ба тайёра ва қатора, хариди маҳсулот ва пардохти он ва ҳоказо – ҳамаи ин нишонаҳои зиндагии рақамии муосир мебошанд. 

Махсусан, ҷавонон аз имкониятҳои технология бештар истифода мебаранд. Имрӯз ҳазорон нафар тавассути барномасозӣ, маркетинги рақамӣ, дизайн, тарҷума ва дигар хидматрасониҳои онлайн фаъолият намуда, даромад ба даст меоранд. Ба ибораи дигар, технология бозори нави меҳнатро ба вуҷуд овардааст.

Яке аз бартариҳои муҳими рақамисозии иқтисодиёт баланд бардоштани шаффофият мебошад. Вақте хидматрасониҳо ба шакли электронӣ анҷом меёбанд, равандҳо равшантар ва назорат осонтар мегардад. Инчунин, истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонанд таъсири омилҳои инсонӣ ва расмиёти зиёдатиро коҳиш диҳад. Барои шаҳрвандон ин маънои дастрасии зудтар, қулайтар ва осонтарро дорад.

Дар бисёр кишварҳо ҳукумати электронӣ аллакай ба як модели муваффақи идоракунӣ табдил ёфтааст. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки рақамисозӣ метавонад муносибати давлат ва ҷомеаро ба сатҳи нав барорад.

Бо вуҷуди пешрафтҳо рақамисозии иқтисодиёт танҳо ба хариди техника ё тавсеаи интернет анҷом намеёбад. Дар ин раванд омили асосӣ инсон аст.

Ҷаҳон ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст ва дар ин раванд технология нақши ҳалкунанда дорад. Рақамисозии иқтисодиёт дигар масъалаи фардо нест – он воқеияти имрӯз аст.

Дар ин раванд Фармони Президент “Дар бораи чораҳои иловагӣ ҷиҳати идомаи муттасили ислоҳот ва ба марҳилаи нав баровардани он дар доираи самтҳои афзалиятноки рушди кишвар то соли 2030” (ФП № 21 аз 16. 02. 2026) қабул гардид. Мақсади асосии ин фармон пеш аз ҳама муайян кардани нишондиҳандаҳои самаранокӣ бо дарназардошти дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар доираи Стратегияи “Ӯзбекистон – 2030”, рақамисозии пурраи раванди назорат ва мониторинги иҷрои мақсадҳои Стратегияи “Ӯзбекистон – 2030” мебошад.

Рушди рақамисозӣ дар афзоиши иқтисодиёти Ӯзбекистон  ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим мебозад. Ҳукумат трансформатсияи  рақамисозиро ҳамчун  рӯзномаи асосии стратегии худ қарор додааст. Барномаҳои зиёде таҳия шудаанд, аз ҷумла Стратегияи “Ӯзбекистони рақамӣ – 2030” ва “Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026”.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки барои беш аз 200 ҳазор ҷойҳои корӣ дар кишвар ҳудуди 600 ҳазор нафар довталабони нав рақобат карда, имрӯз аз ҷониби ҳукумат ҷиҳати ташкили  ҷойҳои кории муносиб барои ҷавонон, таҳкими дониш ва таҷрибаи онҳо доири рақамисозӣ, зиёд намудани хидматрасониҳои аутсорсинги равандҳои бизнес (ВРО), таъсиси ҷойҳои кории фосилавӣ дар Ӯзбекистон, хусусан дар деҳот, тадбирҳо андешида, ба нишондиҳандаҳои нав ноил мегарданд.

Бинобар ин, метавон гуфт, ки рақамисозии иқтисодиёт танҳо воситаи техникӣ нест, балки пойдевори тараққиёти замони нав мебошад.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

шореҳи “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: