Смартфонҳо ва коҳиши таваллуд: робитаи пинҳонии замони нав

Тибқи гузориши Financial Times, яке аз сабабҳои коҳиши сатҳи таваллуд дар ҷаҳон метавонад рушди смартфонҳо ва интернет бошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраҳои охир паст шудани таваллуд бо паҳншавии истифодаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамзамон шудааст.
Олимон мегӯянд, ки муҳити рақамӣ ба ҳаёти одамон таъсири ҷиддӣ мерасонад: одамон бештар ба телефон ва интернет машғул мешаванд, вақти камтар барои муносибатҳои наздик ва оилавӣ мемонад.
Бархе тадқиқотҳо низ нишон медиҳанд, ки ҷуфтҳое, ки вақти зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, камтар ба наздикии эҳсосӣ ва ҷисмонӣ диққат медиҳанд.
Дар натиҷа, ба гуфтаи коршиносон, ин омилҳо метавонанд яке аз сабабҳои коҳиши таваллуд дар баъзе кишварҳо бошанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: