ҲАМГИРОИИ ИЛМ ВА ИСТЕҲСОЛОТ

Дар Донишгоҳи давлатии муҳандисӣ ва агротехнологии Тирмиз ҳамгироии илм ва истеҳсолот самара медиҳад.

Дар донишгоҳ корҳои амалии илмӣ оид ба таъмини ҳамгироии таълим ва истеҳсолот натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодаанд. Аз ҷумла, дар назди кафедраи «Технологияҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ» фаъолияти маҳфили илмии «Ипакчи тадқиқотчи» дар мавсими ҷорӣ бо дастовардҳои муҳим ҷамъбаст гардид.

Профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён дар ҳамкорӣ давоми 30-35 рӯз навъи гибридии пиллаи хитоиро дар асоси усулҳои илмӣ парвариш намуда, ҳосили фаровон ба даст оварданд. Ин таҷриба барои дар амал омӯхтани нозукиҳои парвариши кирми пилла ва коркарди саноатии он ба донишҷӯён имконият  фароҳам овард.

Дар ҷараёни таҷриба усули технологии бепартов истифода гардид, ки тибқи он тамоми қисмҳои пилла – аз нахи хом то ғумбаг, коркард мешаванд. Мутахассисон таъкид менамоянд, ки аз як дона пилла аз 800 то 1800 метр абрешими хом гирифтан мумкин аст. Ин нишондиҳанда самаранокии иқтисодӣ ва аҳамияти бузурги соҳаи пиллапарвариро равшантар месозад.

Қайд гардид, ки чунин таҷрибаҳои илмию амалӣ барои омода намудани мутахассисони соҳибкасб, рушди саноати сабук ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир замина фароҳам меоваранд.

Сурайё НОРМАНӢ.

Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: