Олимони чинӣ намунаи нави квант-компютери аз ҳама пурқувват ва босуръат дар ҷаҳонро таҳия карданд.
Он Jiuzhang 4.0 ном гирифтааст. Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин дастгоҳ метавонад мураккабтарин масъалаҳои математикаро дар як мижа задан ҳал кунад. Дар ин бора нашрияи The Independent хабар додааст.
Натиҷаҳои таҳқиқот рӯзи 13 май дар маҷаллаи илмии Nature нашр шуданд. Ин дастовард боз як бор нишон медиҳад, ки Чин дар соҳаи технологияҳои квантӣ яке аз пешсафон мебошад.
Квант-компютер чист?
Компютерҳои оддӣ маълумотро бо истифода аз битҳо (0 ва 1) коркард мекунанд. Аммо квант-компютер ба қонунҳои механикаи квантӣ такя мекунад. Воҳиди асосии он кубит (bit-и квантӣ) мебошад. Кубитҳо метавонанд дар як вақт ҳам 0 ва ҳам 1 бошанд.
Ин хусусият ба квант-компютер имкон медиҳад, ки дар як вақт миллионҳо ҳисобро иҷро кунад. Дар натиҷа масъалаҳои хеле мураккаби илмӣ ва математикӣ бо суръати фавқулода ҳал мешаванд.
Кадом мушкил ҳал карда шуд?
Имрӯз якчанд усул барои сохтани квант-компютерҳо вуҷуд дорад. Силсилаи Jiuzhang аз фотонҳо (зарраҳои рӯшноӣ) истифода мебарад. Аммо дар чунин системаҳо ҳар қадар шабакаи рӯшноӣ калон шавад, фотонҳо метавонанд дар дохили система “гум” шаванд. Ин ҳолат ба хатогиҳо оварда мерасонад ва қувваи компютерро коҳиш медиҳад.
Олимони Донишгоҳи илм ва технологии Чин роҳи ҳалли ин мушкилро ёфтанд. Онҳо технологияҳои нави махсусеро таҳия карданд, ки гум шудани рӯшноиро кам мекунанд. Дар натиҷа самаранокии рӯшноӣ ба 92% ва самаранокии умумии система ба 51% расид. Ин барои технологияҳои квантӣ як пешрафти бузург ба ҳисоб меравад.
Илова бар ин, системаи нав робитаи фазоӣ ва замонии фотонҳоро беҳтар кард. Ин имкон дод, ки қувваи дастгоҳ бе зиёд кардани андозаи он афзоиш ёбад.
Суръати боварнакарданӣ
Ба шарофати ин навовариҳо олимон тавонистанд то 3050 фотон-ро идора кунанд. Барои муқоиса, дар модели Jiuzhang 3.0 (соли 2023) ин рақам танҳо 255 фотон буд.
Озмоишҳо нишон доданд, ки барои ҳисоб кардани маълумоти хеле мураккаб ба Jiuzhang 4.0 ҳамагӣ 25 микросония кофӣ аст (як микросония — як миллионяки сония).
Дар ҳоле ки ҳатто суперкомпютери пурқуввати амрикоӣ El Capitan барои анҷом додани ҳамин ҳисоб ба муддати триллионҳо сол ниёз дорад.