Кӯдакон ояндаи ҷомеаанд, аммо миллионҳо нафар аз онҳо ҳанӯз ҳам бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Камбизоатӣ, гуруснагӣ, ҷангҳо, бӯҳронҳои иқтисодию сиёсӣ ва набудани дастрасӣ ба таҳсилу тибби босифат ба зиндагии онҳо таъсири манфӣ мерасонанд.
Тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, ҳар сол миллионҳо кӯдак дар моҳи аввали зиндагӣ аз сабаби хизматрасонии нокифояи тиббӣ ё таваллуди бармаҳал фавтида, садҳо миллион кӯдак дар шароити камбизоатӣ умр ба сар мебаранд. Дар ҷаҳон тақрибан 160 миллион кӯдак ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб шудаанд ва миллионҳо духтарон қурбони издивоҷи бармаҳал мегарданд.
Мушкили дигар – таҳсил аст. Садҳо миллион кӯдак, ҳарчанд ба мактаб мераванд, донишҳои заруриро аз худ карда наметавонанд. Норасоии омӯзгорони соҳибихтисос, вазъи номусоиди мактабҳо ва оқибатҳои пандемия ба сифати таълим таъсири ҷиддӣ расонидаанд.
Дар Ӯзбекистон низ, сарфи назар аз пешрафтҳо дар соҳаи ҳифзи кӯдакон, баъзе масъалаҳо боқӣ мондаанд. Миллионҳо хонанда аз омӯзгорони баландихтисос баҳра гирифта наметавонанд, ҳазорон кӯдаки дорои маъюбият бо мушкилоти дастрасӣ ба муҳити иҷтимоӣ рӯ ба рӯянд ва фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ низ ба дастгирии бештар ниёз доранд.
Аз ин рӯ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон набояд танҳо ба ҷашни якрӯзаи 1 июн маҳдуд шавад. Фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсил, тандурустӣ, амният ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо вазифаи доимии ҷомеа ва давлат мебошад. Танҳо дар ҳамин сурат метавон ба кӯдакон ояндаи воқеан дурахшон ҳадя кард.