Замоне як зан зиндагӣ мекард. Зани хеле хуб. Меҳрубон, ростқавл, мулоимтабиат. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба касе бадӣ накарда буд. Ва ӯ эҳсос кард, ки зиндагиаш холӣ аст.
— Чӣ бояд кард? — пурсид худ аз худ. — Чӣ кор кунам, то ҳаётам пур аз маъно шавад?
Сипас, ба назди як дугонааш — як хонуми хеле доно рафт.
— Чӣ кор бояд кунам? — пурсид ӯ. — Ҳаёти ман хушку холӣ аст.
Зани доно як лаҳза фикр кард.
— Ту бояд ошиқ шавӣ, — гуфт ӯ. — Ишқ зиндагии туро пур мекунад.
Зан рафт ва ба як ҷавоне ошиқ шуд, ки хеле зебо, вале аблаҳ буд. Ӯ бо зан беадабона сухан мегуфт, шириниҳои зиёд мехӯрд ва шеърҳои навиштаи худро мехонд. Зан азоб кашид, аммо сабр кард. Ӯ фикр мекард, ки ин маънои зиндагӣ аст. Вале дере нагузашта ҷавонмард ӯро тарк ва бо бевазани сарватманд издивоҷ кард.
Зан танҳо монд. Зиндагии ӯ боз холӣ шуд.
— Чӣ кор кунам? — вай боз аз худ пурсид.
Ва назди дугонаи дигараш, ки зани зиёӣ буд, рафт.
— Чӣ кор кунам? — пурсид ӯ. — Ишқ зиндагии маро пур накард.
Зани донишманд айнакашро пок кард.
— Ту бояд илм омӯзӣ, — гуфт ӯ. — Илм маънои асосии ҳаёт аст.
Зан рафт ва илмомӯзӣ кард. Вай китобҳои ғафси зиёде харид ва ба хондани онҳо шурӯъ намуд. Дар бораи одамони давраи қадим, сохтори кайҳон, муаммоҳои метафизикӣ хонд. Сардард ва лоғар шуд. Ӯ ҳеҷ чизро намефаҳмид, вале фикр мекард, ки ин умқи дониш аст. Вале ба зудӣ эҳсос намуд, ки китобҳо ӯро хушбахт намекунанд. Зиндагии ӯ мисли пештара холӣ аст.
— Чӣ кор кунам? — пурсид аз худ.
Бо ноумедӣ ба назди як пирамарди хирадманд, ки дар канори шаҳр зиндагӣ умр ба сар мебурд, рафт.
— Ман чӣ кор кунам? — пурсид аз ӯ. — Ман ҳама чизро санҷидаам: муҳаббат, илм, фаъолияти иҷтимоӣ. Вале зиндагии ман холӣ аст.
Пирамард бо чашмони равшанаш ба ӯ нигарист.
— Шумо чандсолаед, хонум? — пурсид ӯ.
— Сисола.
— Шумо солим ҳастед?
— Бале.
— Шумо чизе барои хӯрдан ва ҷои зист доред?
— Бале.
Пирамард табассум кард.
— Пас, боз чӣ мехоҳед? — гуфт ӯ. — Зиндагӣ кунед, бас.
— Чӣ хел «зиндагӣ кунед, бас»?
— Оддӣ. Нафас кашед, ба офтоб нигоҳ кунед, чой нӯшед, сайругашт кунед. Зиндагӣ кунед, бас аст.
Зан аз хонаи пирамард хотирпарешон баромад. «Зиндагӣ кунед, бас? Чӣ қадар оддӣ!» — фикр кард ӯ.
Ӯ кӯча ба кӯча мегашт. Офтоб медурахшид. Ҳаво аз бӯи маҳсулоти нав пухташуда пур буд. Писарчаҳо аз қафои кабӯтарон метохтанд. Вай дар ҷои худ истод ва ногаҳон худро хуб эҳсос кард. Ҳамин тавр. Бе ягон сабаб.
Ӯ як булочкаи гарм харид ва онро дар худи кӯча хӯрд. Хеле болаззат буд!
Вай ба боғ рафт ва муддати зиёд дар нишастгоҳ нишаст ва бозии кӯдаконро тамошо кард.
Бегоҳӣ вай ба хона баргашт, барои худ чойи лимӯии талх дам кард ва ба рӯи кат дароз кашид.
Ҳамин тавр, зиндагии ӯ пур шуд. Он пур аз нури офтоб, бӯи булочкаҳо, хандаи кӯдакон, чойи талх буд. Он пур аз худи ҳаёт буд.
Ва зан дарк кард, ки пирамард ҳақ аст. Баъзан, барои ёфтани маънои зиндагӣ, танҳо лозим аст, ки ҷустуҷӯи онро бас кунӣ.
Надежда ТЭФФИ, адиби рус
Аз русӣ тарҷимаи Ҳасан СУЛАЙМОНӢ