Ба аҳли эҷод имтиёзҳои нав: ипотека, иҷорапулӣ ва суғуртаи тиббӣ

Минбаъд ҳар сол барои 1000 нафар шоирону нависандагон, намояндагони фарҳангу санъат, кормандони осорхонаҳо ва рассомон ҳангоми харидани манзил 50 дарсади пардохти аввалияи қарзи ипотекӣ аз ҷониби давлат ҷуброн карда мешавад.

Дар ташкилотҳои эҷодӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ва санъат бисёр мутахассисоне фаъолият доранд, ки аз минтақаҳои дигар ба кор омадаанд. Аз имрӯз сар карда, барои онҳо хароҷоти иҷораи манзил низ қисман пардохт мегардад. Аз ҷумла, дар шаҳри Тошканд то 2,5 миллион сӯм ва дар вилоятҳо то 1 миллиону 600 ҳазор сӯм дар як моҳ ҷуброн карда мешавад.
Ҳамчунин, ҳар сол 1000 нафар корманди соҳа, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд, аз ҳисоби Фонди давлатии суғуртаи тиббӣ ройгон табобат хоҳанд гирифт. Илова бар ин, ба 2000 нафар эҷодкор аз ҷониби давлат бастаи суғуртаи тиббӣ пешниҳод мешавад.
Ба кормандоне, ки на камтар аз 10 сол дар соҳа фаъолият кардаанд, роҳхат ба осоишгоҳҳо ба таври ройгон дода мешавад.
Аз 15 июн сар карда, эҷодкороне, ки соҳиби унвонҳои баланди фахрӣ, аз қабили «Арбоби халқӣ», «Шоири халқӣ» ва «Нависандаи халқӣ» мебошанд, метавонанд аз толорҳои VIP-и фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан ройгон истифода баранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: