Ин кашфи нав метавонад далели муҳиме бошад, ки дар гузаштаи дурдаст дар Марс (Миррих) об ва ҳатто шароити мусоид барои ҳаёт вуҷуд доштааст.
Гурӯҳи байналмилалии олимон дар Марс як ҳалқаи нодири минералиро кашф карданд, ки метавонад мавҷудияти уқёнуси қадимиро дар ин сайёра тасдиқ намояд. Ҳамзамон муҳаққиқон эҳтимоли мавҷудияти онро низ бозсозӣ карданд.
Сухан дар бораи ба ном «ҳалқаи ванна» меравад — изи минералӣ, ки дар марзи байни об ва ҳаво ба вуҷуд меояд. Чунин ташаккулҳо дар Замин одатан дар атрофи кӯлҳои камоб ҳангоми оксидшавии марганец ва ҷамъшавии он дар соҳил пайдо мешаванд.
Ин сохтори ғайриоддӣ дар минтақаи Утопия Планития дар нимкураи шимолии Марс, дар ҳавзаи азиме бо паҳноии тақрибан 3300 км ёфт шудааст. Дар соли 2021 ровери чинии «Чжуронг» маҳз дар ҳамин минтақа фуруд омада буд.
Муҳаққиқон дар канори ҳавза консентратсияи баланди оксидҳои марганецро сабт карданд. Онҳо мушоҳида намуданд, ки сатҳи минералҳо бо баландӣ афзоиш ёфта, дар як нуқтаи муайян ногаҳон коҳиш меёбад – ин раванд ба ҳолатҳои дар Замин наздик ба обанборҳо рухдиҳанда монанд аст.
Барои таҳлили маълумот олимон шабакаи нейронии SCANet-ро сохтанд, ки бо ҳазорон намунаи хокҳои Марс омӯзонида шуда буд. Баъдан онҳо зиёда аз 5,7 миллион ченкуниҳои аз ровери Марс ва орбитҳо гирифташударо таҳлил карданд, хабар медиҳад korrespondent.net.
Таҳқиқот нишон дод, ки дар муҳити дорои оби бой аз оксиген оксиди марганец чӣ гуна ташаккул меёбад ва аз рӯи ин суръат муҳаққиқон давомнокии эҳтимолии мавҷудияти уқёнусро ҳисоб карданд.
Тибқи ҳисобҳо, ин ҳавза шояд аз 800 ҳазор то 1,5 миллион сол устувор боқӣ монда бошад. Олимон бар ин назаранд, ки уқёнус тақрибан 3,7–3,4 миллиард сол пеш, дар давраи Ҳесперия вуҷуд доштааст – замоне ки Марс нисбатан намнок буда, баъдан тадриҷан ба сайёраи сард ва хушк табдил ёфтааст.