Донишҷӯёни соҳаи фарҳанг ва санъат соҳиби имкониятҳои нав мешаванд

Аз соли нави таҳсил ба ҳар як донишҷӯ як эҷодкори маъруф ҳамчун устод вобаста гардида, низоми таҳсили дуалӣ ҷорӣ мешавад. Устодони эҷодкор ҷавононро ба консертҳо, намоишҳо ва барномаҳои худ ҷалб намуда, онҳоро барои саҳнаи бузург омода месозанд.

Ҳамчунин, роҳбарони донишгоҳҳо вазифадор шуданд, ки ба ташаккули бренди шахсии донишҷӯён, фурӯши маҳсулоти эҷодӣ ва пайдо кардани ҳамкорон мусоидат намоянд.
Ба устодони эҷодкор барои ин фаъолият ҳаққи меҳнат дар ҳаҷми музди профессорони донишгоҳ пардохт мешавад. Агар онҳо дар донишгоҳ дарс диҳанд, ба маошашон 50 фоиз иловапулӣ дода мешавад.
Ба барномаҳои таълимӣ фанҳои нав, аз ҷумла «Арт-менеҷмент», «Саноати креативӣ» ва «Тиҷораткунонии лоиҳаҳо» ворид мегарданд. Инчунин, барои соҳаҳои кино, мӯду дизайн ва менеҷменти фарҳангӣ 50 мутахассиси ботаҷрибаи хориҷӣ ҷалб карда мешавад.
Илова бар ин, дар назди Вазорати фарҳанг Институти такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа таъсис дода мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: