Хабари умедбахш: ваксинаи нав зидди саратон натиҷаҳои бесобиқа нишон дод

Ваксинаи нави зидди саратон – амивантамаб – дар бемороне, ки дигар ба кимиётерапия ва иммунотерапия посух намедоданд, натиҷаҳои умедбахш нишон додааст. Тибқи маълумоти нашрияи The Guardian, ин дору дар баъзе беморон боиси пурра аз байн рафтани омосҳо шудааст.

Дар як таҳқиқоти байналмилалӣ, ки беморон аз 11 кишварро фаро гирифтааст, 102 нафар гирифтори саратони сар ва гардан иштирок карданд. Ин навъи саратон аз рӯи паҳншавӣ дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад.
Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки дар 43 нафар иштирокчиён андозаи омосҳо коҳиш ёфта, дар 15 нафар онҳо пурра нопадид шудаанд. Ҳамчунин, натиҷаҳои монанд дар беморони гирифтори саратони шуш низ ба қайд гирифта шудаанд.
«Ин натиҷа барои бемороне, ки имконоти табобаташон бисёр маҳдуд аст, воқеан бесобиқа мебошад», — мегӯяд профессор Кевин Ҳаррингтон, мутахассиси терапияи биологии саратон аз Институти тадқиқоти саратон дар Лондон.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, амивантамаб сафедаи EGFR-ро, ки ба афзоиши омос мусоидат мекунад ва ба фаъолияти низоми масуният таъсир мерасонад, маҳкам месозад. Бар хилофи бисёр доруҳои дигари зидди саратон, ин препарат на тавассути раг, балки зери пӯст гузаронида мешавад.
Таъсирҳои номатлуби дору асосан сабук ё миёна буда, танҳо як нафар аз ҳар даҳ бемор ба сабаби онҳо маҷбур шудааст табобатро қатъ намояд.
Мутахассисон бар ин назаранд, ки агар самаранокии дору дар марҳилаҳои минбаъдаи озмоишҳо низ тасдиқ шавад, он метавонад ҳар сол ба ҳазорон бемори гирифтори саратон умеди нави зиндагӣ бахшад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: