Президент Шавкат Мирзиёев аз корхонаи “Kmita Polymers”, ки дар ҳудуди технопарки кимиёву индустриалии “Чирчиқ” фаъолият дорад, боздид намуд.
Лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо ширкати “Polymers”-и Русия татбиқ гардида, ба истеҳсоли навъҳои гуногуни плёнкаҳои полиэтилении махсус ихтисос ёфтааст.
Чунин плёнкаҳо яке аз бахшҳои ба чашм ноаён, вале бисёр муҳими иқтисодиёти муосир ба ҳисоб мераванд. Имрӯз бидуни хатар ба бозор расонидани маҳсулоти хӯрокворӣ, техникаи маишӣ, масолеҳи сохтмон, доруворӣ ва молҳои гуногуни саноатӣ, инчунин ҳифзи онҳо аз таъсири омилҳои беруна, бештар ба технологияҳои муосири бастубанд вобаста мебошад.
Корхона, ки дар майдони 6 ҳазору 670 метри мураббаъ ҷойгир аст, бо таҷҳизоти замонавии технологии Италия муҷаҳҳаз гардида, дар он навъҳои гуногуни маҳсулоти полимерӣ ва плёнкаҳои гармии фишурдашаванда истеҳсол карда мешаванд. Дар натиҷаи мавриди амал қарор гирифтани он барои истеҳсоли маҳсулоти ҷойгузини воридот ба маблағи 9,5 миллион доллар имконият фароҳам гардид.
Лоиҳа дар асоси барномаи думарҳилавии густаришёбанда амалӣ мешавад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 15,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар марҳилаи аввал 7,4 миллион доллар сармоя азхуд карда шудааст.
Дар доираи лоиҳа 50 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Дар марҳилаҳои навбатӣ боз ҳам зиёд кардани шумораи ҷойҳои корӣ дар назар аст.
Соли 2025 дар ин ҷо ба маблағи 115 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол карда шуд. Ҳамзамон, маҳсулот ба маблағи 6 миллион доллар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содирот шудааст.
Маҳсулоти полимерие, ки корхона истеҳсол менамояд, дар низоми бастубанди брендҳои бузурге чун “Coca-Cola”, “Pepsi”, “Flash”, “Черноголовка”, “Ackerman”, “Asl Oyna”, “Biolife” ва “Family Group” ҳамчун ашёи хоми маҳаллӣ истифода мешаванд.
Таъкид гардид, ки саноати бастубанд яке аз соҳаҳои босуръат рушдёбандаи саноати муосир маҳсуб меёбад. Зеро бо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, талабот ба нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва ба бозор расонидани бехатари он низ бештар мешавад.
Ба ин маъно, гуфта шуд, ки зиёд гардидани шумораи чунин корхонаҳо на танҳо ба рушди як соҳа, балки ба фаъолияти устувори бахшҳое чун саноати хӯрокворӣ, сохтмон, дорусозӣ ва кишоварзӣ низ мусоидат мекунад.