Гардиши савдо байни Ӯзбекистону Тоҷикистон беш аз 50% зиёд шудааст

Дар чор моҳи соли равон ҳаҷми гардиши мол байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2025 ба 50,7% афзудааст.

Дар чаҳор моҳ (январ-апрел)-и соли 2026 ҳаҷми гардиши мол байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 284,3 млн долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2025-ум 59,6 млн доллар ё 50,7% (2025 – 188,7 млн доллар) зиёд шудааст. Дар ин бора Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Моҳи марти соли 2026 зимни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон, зикр шуда буд, ки ҷонибҳо ният доранд ҳаҷми савдои дуҷонибаро то ба 2 млрд доллар расонанд.

Ба ҳукуматҳои ҳарду кишвар дастур дода шуда буд, ки барои расидан ба ин нишондиҳанда бар асоси барномаи алоҳида тадбирҳои амалӣ рӯйи даст гиранд.

Аз кишварамон ба Тоҷикистон асосан гази табиӣ, маҳсулоти нафтӣ, нерӯи барқ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти фулузотӣ, масолеҳи сохтмон ва техникаи маишӣ содир мешавад. Дар навбати худ, аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон асосан маъдан ва консентратҳои руҳ ва мис, нерӯи барқ, ангишт, профилҳои алюминий, нахи пахта ва навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти кишоварзӣ ворид мегардад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: