Президенти Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба Русия меравад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 4-5 июн бо сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербург қарор хоҳад дошт.

Сарвари давлат дар ҷамъомади умумии 29 Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург, ки таҳти шиори «Муколамаи прагматикӣ – роҳ ба сӯи ояндаи устувор» баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ менамояд.

Роҳбари Ӯзбекистон андешаҳои худро дар бораи вазъияти иқтисоди ҷаҳонӣ, дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодии Ӯзбекистон ва Русия баён намуда, инчунин, ба самтҳои афзалиятноки рушди кунунии кишварамон таваққуф хоҳад кард.

Дар барномаи ташриф мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва иштирок дар маросими оғози сохтмони нахустин неругоҳи барқи атомии ҳамгирошуда дар кишварамон дар назар аст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: