Маркази намоишгоҳи маҷмааи Роҳи абрешим дар Самарқанд ба маросими расмии намоишгоҳи байналмилалии экологии «Eco Expo Central Asia 2026» мизбонӣ кард.
Дар чорабинӣ намояндагони беш аз 100 кишвари ҷаҳон, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, сармоягузорон, истеҳсолкунандагони маҳсулоти экологӣ, эко-новаторҳо, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи коршиносон ширкат варзиданд.
Дар ифтитоҳи он мушовири Президент оид ба масъалаҳои экологӣ – раиси Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов, муовини Дабири кулли СММ, директори иҷроияи Барномаи муҳити зисти СММ (UNEP) Ингер Андерсен ва директори генералии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) иштирок карданд.
Абдуҳакимов зимни суханронӣ таъкид кард, ки «Eco Expo Central Asia» бояд ба як платформаи муассир барои бунёди шарикии амалӣ, таҳияи лоиҳаҳои ҷолиби экологӣ ҷиҳати сармоягузорӣ, роҳандозии ташаббусҳои нави муштарак ва тақвияти ҳамкории дарозмуддати байналмилалӣ табдил ёбад.
– Бигзор ин намоишгоҳ катализатори муҳим барои эҷоди пули технологии «сабз» байни Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад, ки инноватсия, сармоягузорӣ, дониш ва роҳҳои ҳалли мушаххасро муттаҳид мекунад, – гуфт А. Абдуҳакимов.
Намоишгоҳ барои рушди иқтисоди сабз, ҷорӣ намудани технологияҳои сабз ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи рушди устувор равона шудааст. Қобили зикр аст, ки Eco Expo Central Asia 2025, ки соли гузашта дар Тошканд баргузор шуд, аввалин намоишгоҳи бузурги экологӣ дар Осиёи Марказӣ буд, ки қариб 7500 иштирокчиро ҷамъ овардааст ва дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ ба платформае барои оғози беш аз 130 лоиҳаи экологӣ табдил ёфтааст.
Дар доираи намоишгоҳ беш аз 68 растаҳо бо намоиши маҳсулот ва хидматҳои экологӣ, инчунин 20 майдони стартап барои навоварони экологӣ дар Осиёи Марказӣ ташкил карда шудаанд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Самарқанд.