Дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон пуфаки бодӣ дар пайи шамоли сахт канда шуда, ба болои хонаҳо суқут кардааст.
Дар пайи шамоли сахт дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон, як пуфаки бодӣ аз назорат берун шуда, ба болои боми чанд хона суқут кардааст, ки боиси осеб дидани се тан шудааст. Ин ҳодиса бегоҳии 1-уми июн дар назди театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд рух додааст.
Гуфта мешавад, ки пуфаки ҳавоӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон аз ҷониби ширкати маҳаллии “Фаровон” аз Ӯзбекистон оварда шудааст.
Масъулони Беморхонаи рақами якуми шаҳрии Хуҷанд маълум кардаанд, ки баъди воқеа ду кас – Рустам Сайдалиеви 46-сола, шаҳрванди Ӯзбекистон ва Фирӯза Турсуноваи 40-сола, сокини шаҳри Хуҷандро ба ин бемористон оварданд. Гуфта мешавад, ки Сайдалиев вақти парвози пуфаки бодӣ дар дохили он буда, баъди канда шудани занҷири он ба замин афтодааст.
Занҷири кандашуда ба Турсунова, ки дар наздикии пуфак будааст, осеб расонидааст. Ӯ ҳоло дар шӯъбаи бемориҳои асаби Беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ аст. Ба нақли манбаъҳо, духтари тахминан 10-11-солаи ӯ ҳам дар ҷой ҳодиса ҳузур дошта, осеби сабук бардоштааст.
Ду сокини кӯчаи ба номи Аминҷон Расулови Хуҷанд, ки болопӯши бомашон дар пайи расиши пуфаки бодӣ осеб дидааст, гуфтанд, ки кормандони ширкати “Фаровон” усто оварда, зарари расидаро бартараф карданд.