КОМЁБӢ ВА НАҚШАҲОИ МАКТАБИ МУВАФФАҚ

  • КОМЁБӢ ВА НАҚШАҲОИ МАКТАБИ МУВАФФАҚ
  • КОМЁБӢ ВА НАҚШАҲОИ МАКТАБИ МУВАФФАҚ
  • КОМЁБӢ ВА НАҚШАҲОИ МАКТАБИ МУВАФФАҚ
  • КОМЁБӢ ВА НАҚШАҲОИ МАКТАБИ МУВАФФАҚ
  • КОМЁБӢ ВА НАҚШАҲОИ МАКТАБИ МУВАФФАҚ
  • КОМЁБӢ ВА НАҚШАҲОИ МАКТАБИ МУВАФФАҚ

Президенти мамлакат дар баромадҳои худ пайваста ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими ҳамоҳангии тарбия ва арзишҳои миллӣ, инчунин омода кардани хонандагон ба ҳаёти мустақил ва касбу ҳунар ҳамчун вазифаҳои муҳим диққати махсус медиҳад.

Ҳамзамон, ӯ зарурати ташкили самараноки  раванди таълиму тарбияро дар асоси принсипи ҳамкории «оила – маҳалла – мактаб»  таъкид намуда, таъсиси «макони таълим»-ро дар маҳаллаҳо ҳамчун омили баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи насли наврас арзёбӣ мекунад.

Ҷамоаи омӯзгорони мактаби рақами 18-уми ноҳияи Косонсой вазифаҳои  зикршударо пурра дастгирӣ карда, барои татбиқи онҳо мунтазам талош меварзанд. Омӯзгороне, ки дар ин ҷо фаъолият мебаранд, ба касби худ содиқанд. Онҳо дорои дониш ва таҷрибаи баланд буда, ба хонандагон на танҳо дониш, балки малакаҳои муҳими ҳаётӣ низ меомӯзанд. Хусусан, натиҷаҳои баланди хонандагон дар олимпиада, озмун ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ натиҷаи кори пайвастаи ҷамоа мебошад.

Дар муассиса ба тарбияи насли наврас диққати махсус дода мешавад. Ин муассисаи таълимӣ бо таҷрибаҳои пешрафтаи худ на танҳо дар ноҳия, балки дар вилоят низ ҳамчун намунаи ибрат шинохта шудааст.

Бо мақсади ба фаъолияти ин  маскани таълимӣ шинос шудан, ба ноҳияи Косонсой роҳ пеш гирифтем. Аз ноҳияи Тӯрақӯрғон баромада, ба самти шимол равон шавед, шоҳроҳи байни деҳоту саҳроро тай намуда, ба Косонсойи бостонӣ омада мерасед. Дар даромадгоҳи рости маҳаллаи Гулбоғ назар ба мактаби хушсохту зебои рақами 18-ум меафтад.

Дар саҳифаи телегромии «Овози тоҷик» бо мақсади муайян кардани мактаби фаъолу пешқадами вилояти Намангон дар байни 6 таълимгоҳи ноҳияҳои Косонсой, Чуст ва Поп, ки таълим дар онҳо тоҷикист, чанде пеш пурсишнома эълон шуда буд. Дар он мактаби таълими миёнаи умумии рақами 18-ум бо ҷамъоварии 578 овоз ҷойи якумро гирифт. Бо ин муносибат вакилони рӯзнома аҳли ҷамоаро бо ин муваффақият аз номи ҳайати таҳририяти  «Овози тоҷик» ва Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Намангон самимона шодбош гуфта, ба роҳбари мактаб сипосномаҳои нашрияи марказӣ ва маркази миллиро супурданд. 

– Ислоҳоте, ки дар низоми таълими халқ амалӣ мешаванд, аз ҳар як муассисаи таълимӣ талаб мекунад, ки мувофиқи талаботи замон фаъолият кунад, то сифат ва самаранокии таълимро баланд бардорад, – мегӯяд директори мактаб  Рустамҷон Каримов. – Аз ҷумла, таълими амиқ ба насли ҷавон, тарбияи онҳо аз ҷиҳати маънавӣ баркамол ва солим  яке аз афзалиятҳо  мебошад. Мактабамон имсол 70-солагии худро ҷашн мегирад. Дар муассисаи таълимии мо, ки барои 935 ҷой пешбинӣ шудааст, раванди таълими дубастӣ дар 43 синф ташкил карда шудааст ва 1232 нафар хонанда бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.  Ин нишондиҳандаҳо ҳам аз шумораи зиёди хонандагон дар мактаб шаҳодат медиҳанд. Онҳо дар маҳфил, мусобиқа ва чорабиниҳои фарҳангии гуногун фаъолона иштирок мекунанд.

Шумораи омӯзгорони таълимгоҳ

100 нафаранд ва тақрибан нисфи онҳо дорои тоифаҳои олӣ ва якуманд. 31 нафарашон сертификатҳои милливу байналхалқиро ба даст даровардаанд. Соли гузашта зиёда аз 20 нафар хатмкунандагони мактабамон ба донишгоҳҳо дохил шуданд ва соли ҷорӣ 27 нафар хонанда бо сертификатҳои дараҷаи баланд мактабро хатм карданд.

Дар доираи Олимпиадаи «Панҷ ташаббус» хонандагон дар ҳамаи намудҳои варзиш ба натиҷаҳои шоиста ноил мегарданд. Яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо ин аст, ки дар мусобиқаи анъанавии «Қувноқ стартлар» дар  марҳилаи вилоятӣ ҷойи дуюмро гирифтем. Дар ин муваффақиятҳо муаллимҳои  тарбияи ҷисмонӣ  саҳми арзанда гузоштанд.

Мувофиқи нақша корҳои маънавию тарбиявӣ ташкил карда мешаванд. Тавассути вохӯрӣ, чорабиниҳои гуногуни таълимию тарбиявӣ дар хонандагон эҳсоси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро пайдо мекунад.

Бо саъю кӯшиши ҷамоа дар доираи барномаи «Опен бюджет» 3 маротиба ғолибиро ба даст овардем. Дар натиҷа, майдони варзишӣ (бо алафи сунъӣ) сохта шуд. 20 тахтаи интерактивӣ, 30 компутери замонавӣ ва 10 мошини дӯзандагӣ оварда шуд. Мо бо ин натиҷаҳои бадастоварда маҳдуд намешавем, балки барои тақвияти минбаъдаи онҳо ва ба даст овардани муваффақиятҳои нав кӯшиш мекунем.

Беҳтарин мактаби таълими забонҳои хориҷӣ

Дар мактаб омӯзгорони фаннӣ дар таълими забонҳои хориҷӣ, хусусан забони англисӣ як қатор корҳои назаррасро анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, доираҳои фаннӣ, озмунҳои гуногун, баҳсҳо ва дарсҳои бо усули нав асосёфта ба ин мисол шуда метавонанд.

Мактаб, ки аз соли 2022 инҷониб озмуни «Беҳтарин мактаби таълими забонҳои хориҷӣ»-ро барои ҷоизаи Президент баргузор менамояд, дар марҳилаи ноҳиявӣ ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро ишғол карда, 50, 75 ва 100 миллион сӯм ҷоиза гирифт ва ин маблағ барои ғанӣ гардонидани пойгоҳи моддию техникӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва донишҷӯёни иштирокчии олимпиада ва мусобиқаҳои варзишӣ сарф карда мешаванд.

Соли 2026 боз чунин муваффақият оғоз ёфт. Мактаб дар натиҷаи кори як дастаи омӯзгорони забони англисӣ ва 5 донишҷӯ ғолиби ин озмун шуд. Дар сатҳи ноҳия бори дигар ҷойи 2-юмро гирифт ва ҷоизаи пулии 75 миллионро ба даст овард. Дар ин муваффақиятҳо муаллимҳои забони хориҷӣ Нигора Эгамова, Нурҷаҳон Нурматова ва Саидҷон Кенҷаевҳо саҳми арзанда доранд.

«Таҷрибаи Ҷопон» низ амалӣ гаштааст

Дар мамлакатамон имрӯз ислоҳоти куллии низоми таълим, баланд бардоштани сифат ва самаранокии он яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян шудааст.

 «Таҷрибаи Ҷопон» ҳамчун озмоиш дар 17 мактаби таҳсилоти умумии вилоят ҷорӣ шуда, асосан дар 95 синфҳои ибтидоӣ амалӣ карда мешавад. 

Ин усул ҳамчун роҳи ҳалли мушкилоти интизом, масъулият, пайвастагии аз ҳад зиёд ба телефон, бепарвоӣ ба таълимгирӣ муҳим аст. Бо назардошти ташаккули чунин малакаҳо дар синни 7-9-солагӣ муайян карда мешавад, ки тартиб аз синфҳои ибтидоӣ оғоз меёбад.

Дар доираи таҷриба, ҳар як хонанда ҳангоми ба синф даромадан либосҳои худро ба ҷевон мегузорад, ҳангоми хӯрокхӯрӣ танҳо аз ҷиҳозҳои шахсӣ истифода мебаранд ва барои тозагии синфхона  худи хонандагон масъуланд. Ин ба кӯдакон дар инкишофи мустақилӣ, тартибу интизом ва нисбати ҷамоа эҳсос  намудани масъулиятро меомӯзад.

Таҷрибаи Ҷопон дар ин муассисаи таълимӣ низ  ҷорӣ карда шудааст. Хонандагони  синфи 1 дар асоси «таҷрибаи Ҷопон» фаъолият мекунанд. Барои татбиқи самаранокии ин таҷриба муаллимаи синфи ибтидоӣ Гавҳар Рустамова ҷалб карда шудааст.

– Қайд кардан мумкин, ки ин таҷриба на танҳо дониши хонандагон, балки муҳити мактабро низ беҳтар намуда, шавқу рағбати кӯдаконро нисбати дониш меафзоёнад, – мегӯяд муаллима. – Ҷорӣ кардани таҷрибаи таълиму тарбияи Ҷопон  дар роҳи ислоҳоти соҳаи таълим иқдоми нек  ба шумор меравад. Мо, аллакай, натиҷаи ин усули замонавиро дар амал дарк кардем. Падару модарони хонандагони синфамон низ аз ин таҷриба сипосгузоранд. Аз гуфти онҳо маълум мешавад, ки тарбия ва рафтору гуфтори фарзандашон тамоман дигаргун шудааст. Дар хона ҳар як вазифаи ба худ дахлдоштаро мувофиқи нишондоди муаллим иҷро мекунанд.

– Нигора Эгамова, Нурҷаҳон Нурматова, Саидҷон Кенҷаев, Акрамҷон Ғафуров, Ҳилола Алибоева, Шавкатҷон Ғафуров, Ҳамида Болтаева, Нодирахон Абдуллаҳаева, Аҳадҷон Ортиқов, Акрамҷон Абдураҳмонов, Баҳринисо Дадамирзоева ва Садоқат Холиқова барин муаллимони пешқадам фахри мактабамон ба шумор мераванд, – мегӯяд роҳбари мактаб. – Онҳое, ки аз фанҳои асосӣ ба хонандагон  таълим медиҳанд,  имрӯз мувофиқи меҳнати пурмашаққаташон 8 нафарашон зиёда аз ҳазор доллар ва 4 нафарашон қариб 10 миллион сӯмӣ маош мегиранд.  

– Аз сарвари давлатамон ниҳоят сипосгузорем, ки маошамон 2-3 маротиба афзуд, – мегӯяд муаллими фанни технология  Аҳадҷон Ортиқов. – Ба коғазбозӣ, барои расмият ҳисобот ва дигар гуна корҳо, хусусан маҷлисбозӣ, кӯчарӯбӣ, пахтачинӣ, кӯмак ба сабзавоткорон хотима ёфт. Аз ҳама муҳимаш, синфхонаҳо бо асбобу анҷомҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуда, бо техникаи замонавӣ таъмин гардиданд. Ин шароиту имкониятҳои аз тарафи давлатамон додашуда моро вазифадор мекунад, ки боз ҳам бо завқу шавқ кор кунем ва дар рушди кишвар ҳиссаи худро гузорем.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Шарофхон МИРЗОЕВ,

мухбири ҷамоатии «Овози тоҷик».

Вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: