Имсол ба иди Қурбон бо рӯҳбаландӣ ва шукӯҳи хосса омодагӣ гирифта шуд. Қарори Президентамон «Дар бораи таҷлил намудани иди Қурбон» дар ин бобат дастуруламал гардид. Халқамон ин ҷашнро 27-уми май бо шодмонии дучанд пешвоз гирифтанд.
Доир ба ҷойгоҳи иди Қурбон дар ҳаёти маънавиамон, моҳият ва аҳамияти он, гиромидошт ва ҳифзи арзишҳои миллию динӣ ва таҷлили он бо имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Иттифоқ»-и ноҳияи Сергелии пойтахт Акмал Абдуллоев сӯҳбат оростем.
Ӯ таъкид кард, ки Худованд барои имтиҳони бандаҳои худ ибодатҳои гуногунро ҷорӣ кардааст. Мисолан, намоз агар ибодати бадан аст, рӯза дунёи ботинии рӯҳ, маънавият ва нафси инсонро тарбия менамояд. Қурбонӣ ибодати моддии инсон аст. Ин имтиҳон барои дар як сол як бор қурбонӣ кардани мусалмонҳое ҷорӣ карда шудааст, ки имконияти моддӣ доранд.
Қурбонӣ ибодатест, ки барокат меорад. Он ба ҳамаи мусалмонҳо фармуда шудааст. Ин сухан нодуруст аст, ки мегӯянд: ҳар одам бояд як ҷонварро қурбонӣ кунад. Аҳли мо, мисли он ки намоз ва рӯзаро барои худ мехонаду мегирад, бо назардошти имконияти моддӣ бояд қурбонӣ кунад.
Худоро шукр, ки дар Ӯзбекистон сафи онҳое, ки қурбонӣ мекунанд ва закот медиҳанд, зиёд шуда истодаанд. Ин далели рушди ҳолати моддии халқамон аст.
Роҳбари давлатамон бо қарори алоҳида таҷлили иди Қурбонро тавсия намуд, ки дар замири он маънии зиёде нуҳуфтааст. Мардум дар ин рӯзҳо бо корҳое, мисли меҳру мурувват ба якдигар, хабаргирӣ аз ҳоли хешу ақрабо, ятиму бечоранавозӣ, ба даст овардани дилҳо машғул мешавад. Ин ҷашн ба пайванди риштаҳои хешутаборӣ, ҳамсоягӣ, қудову андагӣ хидмат менамояд. Инчунин, аҳамият ва ҷойгоҳи иди мубораки Қурбон дар ҳаёти маънавиамон беқиёс аст.
Дар рафти сафари Ҳаҷ, барои адо кардани аркони динӣ, аз ҷониби роҳбари давлатамон ба халқамон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Инро бояд алоҳида эътироф намуд.
Чанд сол аст, ки корҳои ташкилии Ҳаҷҷу Умра бино ба тавсияҳои Президент, қарорҳои Девони Вазирон ва қарору пешниҳодоти Шӯрои ҷамоатии оид ба масъалаҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳои Ҳаҷ ва Умра дар сатҳи баланд созмон дода мешавад.
Имсол 15 ҳазор нафар ҳамватанонамон Каъбаро зиёрат карданд. Сафари имсолаи ҳоҷиёни мо назар ба солҳои пештара фарқ дошт. Онҳо, ҳанӯз вақте дар Ӯзбекистон буданд, худро ба мақсади рӯҳан ва маънан ба ин сафар омода кардан ба ниёзмандон, оилаҳои камтаъмин кумаки моддӣ расонданд.
Аз ҳама муҳимаш, шахси ба мақоми ҳоҷӣ ноилшаванда бояд инсони аз дину диёнат огоҳ бошад, ба аҳли маҳалла кумак расонад, оилааш осуда, инсони ҳамаҷониба сазовор бошад.
Бино ба ташаббуси Президент маблағе, ки доир ба нақшаи сарфи харҷ аз ҳар зоир барои мавсими Ҳаҷ гирифта мешуд, кам карда шуд.
Халқамон аз ин гуна корҳои хайру нек сипосгузор аст. Чанде қабл иди Қурбон дар сартосари кишварамон бо шукӯҳ ҷашн гирифта шуд. Ҳоло дар идомаи дуоҳои нек даст ба дуо кушода, осудагии халқу мамлакат, рушду равнақи ислоҳотеро, ки пайи фаровонии рӯзгорамон татбиқ мегарданд, таманно менамоем.
Мусоҳиб Далер Азизов,
мухбири «Овози тоҷик».